“Рӯзҳои охир бинобар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар омилҳои хатарзо тамоюли афзудани бемории сироятии короновирус дар шаҳри Хуҷанд ба мушоҳида мерасад, ки ташвишовар гардидааст”, - иброз дошт зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр ва ҳамзамон раиси ситод таваҷҷуҳи ҳозиринро ба омилҳои хатарзои мавҷи дуюми бемории сироятӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки дар кишварҳои ҳамсоя мавҷи дуюми он хеле хатарнок арзёбӣ гардида, фавти зиёди сокинони ба мушоҳида мерасад.
“Имрӯз беморӣ шакли худро дигаргун намуда, таъсиррасонии хешро бештар кардааст, ки аксарият ба фавт оварда расонидааст”, - қайд кард ӯ.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, агар як ҳафта пеш 1-2 нафар бо аломатҳои коронавирус ба беморхонаҳои вилоят муроҷиат мекарданд, пас ҳафтаи охир ин шумор ба 8-9 нафар расидааст.
Шаҳрдор таъкид дошт, ки роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар муқаррароти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.
“Бекор намудани маҳдудиятҳо маънии комилан аз байн рафтани бемориро надорад, - изҳор дошт ӯ. - Кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурат ва бениқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд, ки боиси нигаронӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани анбуҳи одамон ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад дар вазъияти имрӯза хатарнок маънидод мегардад”.
Дар ин робита ба масъулини ҳамаи соҳаҳо ҷиҳати фаъол будан ба роҳандозии маъакаҳои фаҳмондадиҳӣ дастур дода шуд.
Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ низ чанд маконҳои эҳтимоли сар задани бемориро номбар карда, бозорҳо ва макони баргузории маъракаҳоро аз хатарноктарин мавзеъҳо унвон намуд.
“То ҳол дар бозор, тӯю маъракаҳо мардум бидуни риояи масофа ва бениқоб ҳозир шуда, хатари сироятёбии бемориро афзун намуда истодаанд, - зикр кард муовини раиси вилоят. - Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин мавзеъҳои серодам як нафар то 15 нафарро сироят намудааст”.
Дар бораи шумори дақиқи сироятёфтагону беморон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар вилояти Суғд маълумот дода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста