Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 878 нафар расид.

Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 57 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то субҳи 20-уми июл 168 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 578 (81%) нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.