Кормандони милитсия сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Давлатманд Касировро барои ба никоҳи худ даровардани ноболиғи 12-сола боздошт намудаанд. 

Бино ба иттилои ВКД,  Давлатманд Касиров, маъруф бо исми Ҳоҷидавлат, ки  қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, боз такроран ба кирдорҳои ҷиноятии худро идома додааст.

Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки номбурда дар баробари зиндагии якҷоя доштан бо ду зан дар як вақт, инчунин ноболиғи 12-солаи аз худаш 34 сол хурдро, ки ҳамсоли фарзанди хурдияш аст, бар хилофи меъёрҳои дини Ислом бе ширкати волидайн ва наздикон ба никоҳи худ даровардааст.

“Ин мард моҳи ноябри соли 2012 ҳаҷи фарзиро анҷом дода, худро ҳамчун шахси Худотарс ва тақводор вонамуд мекард”, - гуфта мешавад дар навор.

Ҳамзамон модари духтар дар навор қисса мекунад, ки Давлатманд Касировро эҳтиром намуда, аз ҳодисаи мазкур огаҳӣ надошт ва онро аз нафари дигаре шунида, ба мақомот муроҷиат кардааст.

Духтараки ноболиғ дар навори видеоӣ нақл мекунад, ки: "Омад гуфт, ки маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешавед гуфтам. Баъдан занаш гуфт, ки “ҳо бигӯ”. Ман нафаҳмида ҳо гуфтам. Баъдан гуфт, ки ба тамошо мебарад, майлаш гуфтам. Баъдан хостам ва қабулат кардам гуфт. Шаб омадем маҷбур кард, ки дар бари худ ва занаш хоб кунам, аммо ман не гуфтам, ки маро зад”, - омадааст дар навор. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.