Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон дидорбинӣ бо маҳбусон манъ шуда, алҳол маълум нест, ки кай ба ин иҷоза мешавад.

“Кай иҷоза шудани дидорбинӣ ҳоло маълум нест. Таври маълум дар ҷумҳурӣ то ҳол ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад. Мефаҳмем, ки ин барои хешовандону наздикони маҳбусон, ки ҳамдигарро чор моҳ надидаанд, хеле душвор аст, лекин ҳаёти зиндониёнро зери хатар гузошта наметавонем. Алҳол мушаххасан маълум нест, ки дидорбинии маҳбусон бо хешовандону наздиконашон кай имконпазир мешавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Модари яке аз маҳбусон аз ВМКБ писари худро наздики 8 моҳ боз надида, иҷозаи вохӯриро интизор буд. Писараш дар муассисаи ислоҳии №7 дар шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад.

“Ҳарчанд бо писарам тариқи телефон гап занам ҳам, лекин назди худ бо чашмон дидану суҳбат кардан дигар аст. Хеле умедворам, ки сироятёбӣ аз беморӣ ба наздикӣ паси сар шуда, боз бо писарам вомехӯрем”, - иброз дошт зан.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи март то ин дам 11 маҳбус ва 3 корманди муассисаи ислоҳӣ аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 50 то 70-соларо ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз сироят бар асоси дастурҳои президент Вазорати адлия нақшаи тадбирҳои махсусро таҳия намуд, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ аз 31 март мавриди амал қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.