Муҳоҷирони кории тоҷик ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гӯё сафорати Тоҷикистон дар Русия маҷбурӣ ба онҳо маълумотнома (справка) дар бораи надоштани сирояти коронавирус мефурӯшад: он барои ба ҳавопаймо роҳ ёфтани онҳо зарур аст. Дар намояндагии дипломатӣ мегӯянд, ин танҳо тавсия аст.

Хонандаи “Азия-Плюс” ба мо аз Маскав навори видео фиристод, ки дар он навбатпойии муҳоҷирон назди озмоишгоҳ дида мешавад, ки дар он муҳоҷиронро ба супурдани ташхиси коронавирус ва минбаъд гирифтани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус дар онҳо ва ба ҳавопаймо роҳ ёфтанашон маҷбур мекунанд.

“Аз мо барои ташхиси коронавирус як миқдор малҳами оби даҳон мегиранд ва баъди ним соат ё аз ҳама дертараш якуним соат дар бораи мавҷуд набудани Covid-19 маълумотнома медиҳанд ва барои ин 2,5 ҳазор маблағ мегиранд. Дар сафорат ҳамаро маҷбур месозанд, ки маҳз аз ҳамин озмоишгоҳ маълумотнома гиранд”, - менависад муҳоҷири наворро фиристода, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Интиқоли маблағ дар як лаҳза бе комиссия ва бо қурби қулай - asiaplus.intiqol.tj

Дар сафорат мегӯянд, ин тавсия аст

Дар сафорат ба мо изҳор доштанд, ки онҳо шаҳрвандонро ба супурдани ташхис ва гирифтани маълумотгнома маҳз дар ҳамин озмоишгоҳ маҷбур накарда, танҳо тавсия медиҳанд.

“Мо бо озмоишгоҳи Пажуҳишгоҳи марказии эпидемиологии Роспотребнадзор дар бораи додани маълумотнома ба шаҳрвандонамон пас аз ташхис гапзанон кардем”, - хабар доданд дар сафорат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар озмоишгоҳ малҳами оби даҳон гирифта, дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи пешакӣ дода мешавад.

“Шаҳрвандон пас аз супурдани ташхис чунин маълумотнома мегиранд. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаи тести онҳо, моро аз озмоишгоҳ огоҳ мекунанд, ки ин шахс аз коронавирус сироят ёфтааст ва мо парвози ӯро манъ мекунем. Дар озмоишгоҳ ҳатман аз ҳама тести коронавирус мегиранд. Мо шаҳрвандонро ба рафтан барои супурдани ташхис ба ин озмоишгоҳ маҷбур намекунем. Онҳо метавонанд дар ҳама гуна дигар озмоишгоҳ ташхис супурда, маълумотнома гиранд”, - қайд карданд дар сафорат.

Аммо, қайд мекунанд дар сафорат, хавфи қалбакӣ баромадани чунин маълумотномаҳо аз эҳтимол дур нест.

“Рӯзҳои аввал шаҳрвандон маълумотномаҳои қалбакии аз вокзали Павелетский ё ҳама гуна дигар бозорҳои Маскав ба нархи 1500 рубл харидашударо оварданд, - гуфтанд дар сафорат. - Ҳақиқӣ будани онҳоро мо чӣ гуна санҷем? Дар кишварҳои ғарб дар ҳар кадоме аз ин маълумотномаҳо штрихкод ва дар фурудгоҳҳо таҷҳизоте мавҷуд аст, ки ҳақиқӣ будани маълумотнома санҷида мешавад. Дар фурудгоҳҳои Русия чунин таҷҳизот нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ташхиси мусофирони имконпазир маҳз дар озмоишгоҳи Роспотребнадзор гирифта шавад”, - изҳор доштанд дар сафорат.

Зимнан зикр шуд, ки “агар касе дигар ҳама гуна пешниҳоди созандаи ҳалли ин масъаларо пешниҳод кунад, хеле хурсанд мешуданд”.

Ёдрас мекунем, ки пас аз қабули қарор дар бораи роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандони танҳо бо доштани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус ба парвоз иҷоза дода мешавад. Бо расидан ба Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз гузаштани ҳатмии тест ва ба карантин фиристодан озод мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.