То субҳи 21 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 346 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Дар рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 87 нафар зиёд шуд.

Гуфта мешавад, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, дар мамлакат  8 ҳазору 108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Донигоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди сироятёфтагон аз СOVID-19 дар саросари дунё то субҳи 21 сентябр зиёда аз 30,9 млн нафарро ташкил дода, 959,2 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева изҳор дошт, ки “тайи ҳафтаҳои охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 дар Тоҷикистон каме зиёд шудааст”.

“...Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад”, - қайд кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.