Ӯзбекистон дар баробари дигар кишварҳо пагоҳ, 1 октябр бо риояи карантин ва қоидаҳои санитариву гигиенӣ сарҳаҳояшро бо Тоҷикистон низ боз мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Нисбат ба шахсоне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, шартҳои “кишварҳои сурх” истифода мешаванд, яъне онҳо танҳо дар сурати бо худ доштани тести натиҷааш манфии коронавирус, ки муддати 72 соати охир то вуруд гирифта шудааст, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар озмоишгоҳҳое фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз ҳисоби худ метавон тест супурд. Арзиши супурдани тест ҳудуди 20 долларро ташкил медиҳад.
Ба гузаштан тариқи сарҳад ба шахсоне, ки дар онҳо сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда мешавад, иҷоза дода намешавад.
Шахсоне, ки дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи тиббӣ доранду он на дертар аз се шабонарӯз то вуруд дода шудааст, дар сарҳад тест намесупоранд.
Мувофиқи шартҳо барои кишварҳои “минтақаи сурх”, ба шахсоне, ки ба Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, гузаштан аз карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё хона зарур аст.
Ба гуфтаи манбаъ, масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавопаймо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
История кофе: от Эфиопии до первого цеха по обжарке в Таджикистане
В Таджикистане организовали курсы по изучению таджикского языка жестов. Чем он отличается от международного?
МВФ в три раза понизил заявленный правительством Туркменистана рост ВВП республики
Юлия Навальная вошла в топ-100 самых влиятельных людей мира по версии Time
В селе в районе Дж. Балхи при поддержке Японии построили школу
В Душанбе из-за международного полумарафона перекроют дороги
В Варзобе в суд направили дело капитана милиции по обвинению в получении 20 тысяч сомони взятки
Родственники Мухаммадсобира Файзова, подозреваемого в теракте в «Крокус Сити Холл», рассказали свою правду
Медведев призвал ввести уголовную ответственность для иноагентов
В Ташкенте учительница наказывала первоклашек иголками и саморезами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста