Дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳои Хуҷанд қоидаҳои беҳдоштӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави Cоvid-19 риоя намешаванд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд,  ҳангоми гузаронидани рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд маълум гардид, ки дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳо бидуни ченкунии таб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дизенфексионӣ ва бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст

Аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз маъмурият то хизматрасонҳо дар марказҳои хӯроки умум бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки омили асосии хатари сирояти беморӣ коронавирус ба мизоҷон шуда метавонад.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд то ҳол дар бозорҳо фосила риоя нашуда, савдои кӯчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтааст.

“Пешниҳоди сихкабобҳо дар шароити пасти хизматрасонӣ дар шароити феълӣ то ҳол масъулини бозорҳо ва соҳибони ин марказҳои хизматрасониро ба ташвиш водор намесозад, баръакс аз рӯйи мақоли «Худам шоҳу табъам вазир» фаъолият намуда истодаанд. Зимни бурдани корҳои назоратӣ уҳдадориҳои беҳдоштиро маҷбуран иҷро намуда, баъдан сарфи назар намуда истодаанд, ки боиси нигаронии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд гардидааст”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази НДСЭ шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави CОVID-19 тадбирҳои мушаххас пиёда карда шавад, ҳам таҳлилҳо собит намуданд, ки ҳангоми баргузории маросими тўй дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тӯйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ҳамаи ин боис гардид, ки фаъолият ин нуқтаҳои хизматрасонӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан манъ карда шуданд.

1/3

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.