Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳунармандӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон бо қарори ҳукумат охири моҳи сентябри соли ҷорӣ маъқул дониста шуд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияту вазорату идораҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳо дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ (косибӣ) аз ҷумла вазифаҳои Шӯро унвон мешавад. Ҳамчунин Шӯрои мазкур ба таҳияи пешниҳодҳо дар мавриди рушди ин соҳа машғул мешавад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони вазорату идораҳо ва созмону ташкилотҳои машғул ба танзим ва рушди соҳа шомил гардида, Шӯроро муовини сарвазири ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.

Бо мақсади дастгирии давлатии ҳунармнадону косибон солҳои 2019-2021 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд.

Дар ин росто ба ҳукумат дастур дода шуд, ки тариқи Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба ҳунармнадон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод гардида, инчунин фурӯши маҳсулоти онҳо аз пардохти ҳама навъҳои андоз озод карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.