Дар раддабандии интернети мобилӣ Тоҷикистон мавқеашро беҳтар карда, аз оғози сол 6 зина боло рафт.

Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index оид ба суръати интернет ба ҳолати то моҳи сентябри соли 2020  байни 138 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 13.08 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.80 Мб/с зинаи 127-умро ишғол мекунад. Зинаи охири рейтингро Афғонистон касб кардааст, ки суръати боргирӣ 7.26 Мб/с ва боргузорӣ 3.77 Мб/с-ро ташкил медиҳад..

Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ байни 175 кишвар Тоҷикистон бо суръати боргирии 34.68 Мб/с ва боргузории 33.31 Мб/с дар мақоми 90-ум (моҳи январ - зинаи 109-ум) қарор дорад. Суръати интернети ноқилии пасттарин дар рейтинг ба Туркманистон (3.40 Мб/с - суръати боргирӣ ва 4.84 Мб/с - боргузорӣ) мансуб дониста шудааст.


Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон дар зинаи 101, Русия - 88, Қирғизистон - 103 ва Ӯзбекистон дар мақоми 125-ум ҷойгиранд. Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ Қазоқистон дар мақоми 67, Русия - 46, Қирғизситон - 74 ва Ӯзбекистон зинаи 96-умро ишғол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи рейтинги Worldwide mobile data pricing оид ба арзиши интернет, дар моҳи феврал байни 228 давлат Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 154-ум қарор дошт. Моҳи ноябри соли 2018 байни 230 кишвар Тоҷикистон зинаи 103-юмро касб карда буд.


Сарфи назар аз беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги мазкур, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон мудом аз алоқаи начандон хуб ва суръати пасти интернет шикоят мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.