Бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ҳудуди 150 нафар муҳоҷирони тоҷики дар вазъияти душвор қарордошта аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии СБМ дар Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 ноябр тариқи қаларави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Муҳоҷирон бо 4 автобус тавассути постгоҳи назоратии Жибек-Жолаи Қазоқистон ва убури қаламрави вилояти Туркистони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд расонида шуданд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират ба муҳоҷирон барои сабурӣ ва тобоварӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

“Ба сурати умум, дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ муҳоҷирон дар кишварҳои таъинот нисбатан камтар аз ҷониби ҷомеаҳо дастгирӣ шуда, ба ҳуқуқҳои худ низ дастрасии кам доранд. Онҳо бо хавфи бештар зиёди дучор шудан ба рафтори бераҳмона, истисмор ва мавридҳои хариду фурӯши одамон дар робита ба осебпазирии баландро доранд. Дар дурнамои дарозмуҳлат муҳоҷирон ҳамчунин бо сабаби камшавии ҷойҳои корӣ, дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ва тамғазанӣ ҳам дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳам дар зодгоҳашон ба гурӯҳҳои бештар осебпазир мансуб хоҳанд шуд”, - қайд мешавад дар маълумоти Созмон.

Гуфта мешавад, СБМ ният дорад, ки минбаъд низ ба шахсоне, ки ихтиёрӣ ба ватан баргаштанианд, мусоидат намуда, онҳоро аз душвориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба ҳуқуқҳояшон, ки дар робита ба пандемия ба ин ҳолат дучор шудаанд, раҳо созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.