Бозингарони мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар чорабинӣ оид ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе иштирок карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ раҳбарият ва кормандони Федератсия, инчунин намояндагони ҳайати доварон низ саҳм гузоштанд.

Гуфта мешавад, чорабинӣ дар доираи иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди ободонӣ ва табдили пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри сабз гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки бозингарони мунтахабҳои футболи наврасон ва ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба марҳилаҳои ниҳоии мусобиқаҳои Чемпионати Осиё давраҳои омӯзиш ва тамрину машқҳо мегузаронанд.

1/5

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.