Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки барои бурдани шаҳрвандон ба Умра ё Ҳаҷҷи Умра масъуланд, то кунун масрафи рафту омади имсола ба Умраро муайян накардаанд. Ин ширкатҳо мегӯянд, агар бино ба вазъи феълӣ ҳаққи хизматрасониҳои имсолаи Умра ё ба таъбири маъмул Ҳаҷҷи Умраро ҳисоб кунанд, он хеле гарон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёд баъди шунидани имкони рафтан ба Ҳаҷҷ ҷӯёи нарху қимати он шудаанд.

Як намояндаи ширкати сайёҳии “Расул”, ки масъули анҷоми хидматрасониҳои Умра аст, ба “Азия Плюс” гуфт, ки сафари нахустин гуруҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба дар охири моҳи январи соли 2021 дар назар буда, аммо нархи сафари ҳаҷ то ҳол барои мо маълум нест.

“Агар бо дар назар гирифтани  вазъи ҳозира ҳисоб кунем, хеле гарон меафтад. Барои мисол, агар ба тайёра ҳисоб кунем, қоидаҳои давраи ҳамагирии вируси куруно нархро хеле боло мебаранд. Барои эҳтиёт аз бемории COVID-19 маҷбур мешавем, ба ҷои 100 нафар 50 нафар гирем,  як ҷойро холӣ гузошта фосиларо риоя кунем. Агар инхел шавад, пули он 50 нафар аз ин 50 нафар гирифта мешавад”.

Ин масъули ширкати “Расул” мегӯяд, ки ба василаи автобус ҳам вазъ ҳамин гуна аст. Агар пештар дар як автобус 50 нафар мерафтанд, ҳоло маҷбурем 22 нафар бигирем. Феълан  барои ҳамин дуо мекунем, ки вазъ хуб шаваду довталабони Ҳаҷҷ бо нархи арзон сафар кунанд.

Инчунин ба гуфтаи  намояндаи ширкати сайёҳии “Расул” ҳукумат барои ҳар як нафар зойири тоҷик воксин мегирад, ки арзиши ин воксин ҳам ба пули сафар зам мешавад.

Ин намояндаи ширкати “Расуд” изҳори умедворӣ кард, ки “то моҳи январи соли 2021 роҳҳо кушода мешаваду мисли пештара зоирони тоҷик ба нархи арзон ба зиёрати хонаи Каъба мераванд”.

Ба эътирофи ширкатҳои сайёҳӣ ҳоло бо парвозҳои чартерӣ нархи сафари Ҳаҷҷ хеле гарон аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаҷҷи умраро анҷом дода буданд.

Ҳанӯз охири моҳи октябр аз Кумитаи дин ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми ҳаҷи умра иҷоза дод. Он замон зикр шуда буд, ки раҳбарияти ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади анҷоми маросими Ҳаҷи умра охири моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи коронавирус боздошта шуд.

Сухангӯйи Кумита Афшин Муқим зикр карда буд, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад.

Аз сӯйи дигар Шӯрои Уламо ба зойирин тавсия дод, ки маблағи барои адои маросими Ҳаҷҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайру эҳсон ва рушду шукуфоии кишвар сарф кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ наздик ба 3 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои ҳатмии ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.