Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, лоиҳаи нави Боғи ҳайвоноти пойтахт барои зиндагии 1500 навъи ҳайвоноту парранда ва хазандагон таҳия шудааст. Боғро дар канори Душанбе месозанд, лекин кай оғоз шудани бунёди он ҳоло маълум нест.

Бо такя ба навори видеои лоиҳа, ки дар саҳифаи Раёсати меъмории Душанбе гузошта шудааст, боғи нав дар роҳ ба самти Варзоб баъди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, каме дуртар аз собиқ Кӯли ҷавонон ҷойгир мешавад.

Лоиҳаи боғи нав бо ҷалби мутахассисони байнулмилалии соҳавӣ таҳия гардид, қайд мешавад дар маълумоти ба навори видео замимашуда.

Майдони умумии боғи ҳайвонот 13 гектарро дар бар гирифта, дар он 1500 сар ҳайвоноту паранда ва хазандаҳо ҷойгир карда мешаванд. Лоиҳа бо назардошти талаботи муосири нигоҳубини ҳайвонот омода гардидааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, биноҳои маъмуриву хоҷагидорӣ дар майдони 0,40 га, макони нигаҳдории ҳайвоноти Тоҷикистон - 0,85 га, макони нигаҳдории ҳайвоноти минтақаҳои Тоҷикистон - 0,46 га, ҳайвоноти австралиягӣ - 0,70 га, ҳайвоноти амрикоӣ - 0,84 га, ҳайвоноти осиёӣ - 0,61 га ва ҳайвоноти африқоӣ - дар майдони 0,90 га сохта мешаванд.

скриншот

Дар майдони 0,53 га обанбор сохта мешавад. Минтақаҳо мувофиқ ба шароити иқлими наздик ба табиӣ барои ҳайвонот муҷаҳҳаз мегарданд.

Мо хостем, ки кай оғоз гардидани сохтмони боғи нави ҳайвонотро дар шаҳрдории пойтахт мушаххасан маълум кунем, вале то замони нашри мавод ин кор бароямон муяссар нашуд.

Аввали соли 2020 шаҳрдории пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард. Аз вариантҳои сершумор канори шимолии Душанбе наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира интихоб шуд.

Баъди 6 моҳ изҳор шуд, ки сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба Тоҷикистон омада натавонистани мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус оғоз нагардид.

Соли 2018 дар шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикӣ ба "Корвон” кӯчонида мешавад.

Боғи ҳайвоноти Душанбе 60 сол пеш ба фаъолият оғоз намуда, то ҳол дар маркази шаҳр, наздикии пайвастшавии дарёҳои Варзоб ва Лучоб, дар масофаи камтар аз як километр аз маҷмааи биноҳои ҳукумат қарор дорад.

Фаъолону коршиносон изҳор мекунанд, ки вазъи он, аз ҷумла шароити нигаҳдории ҳайвонот, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Зарурати ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот 8 сол бе натиҷа мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.