Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Андрей Анохин ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия муроҷиатнома фиристода, дархост намудааст, ки ба кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдудият ҷорӣ шавад.

Шабакаи Царьград менависад, дар дархости худ вакил ба афзоиши назарраси ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо иштироки таксиҳо ишора намуда, қайд кардааст, ки соли 2019 шумори онҳо 60% ва сатҳи маргу мир - 41% афзудааст.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли пешин (2019) соли 2020 боз 25% афзоиши шумори садамаҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони кории ронанда аксар вақт қоидаҳоро вайрон карда, аз бехобӣ ва истироҳати нокофӣ худро хуб ҳис намекунанд ва баъзан ҳатто сари чанбараки автомашина хобашон мебарад, ки ин барои садамаи нақлиёт хатар эҷод мекунад.

Анохин ҳамчунин дар бораи ҳодисаҳои таҷовуз ба номуси мусофирзанон аз ҷониби муҳоҷирони таксирон хотиррасон намудааст. Чунин ҳодисаҳои пурсарусадо дар Санкт-Петербургу Маскав ва дигар шаҳрҳо ҷой доштанд.

Вакил илова кардааст, ки чунин тадбир ба таъмини шаҳрвандони бештари Русия бо ҷойҳои корӣ, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ хеле муҳим аст, мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки ронандаи таксӣ будан яке аз касбҳои писандида ва серхаридор байни муҳоҷирони корӣ маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.