Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ боисрор тавсия медиҳад, ки дар робита ба ноустувор шудани вазъи обуҳаво дар рӯзҳои наздик тадбирҳои бехатариро риоя намоянд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 22-23 январи соли ҷорӣ якбора ноустуворшавии вазъи обуҳаво дар ҷумҳурӣ дар назар аст. Гуфта мешавад, рӯзи 22 январ борон бо гузариши бошиддат ба барф ва дар баъзе ноҳияҳои НТҶ, вилояти Хатлон боришоти пуршиддат ба амал меояд.

Ҳарорати шабонаи ҳаво то 8-100 ва рӯзона то 10-150 (бо истисно аз ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад.

“Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Руссия дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ бӯрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест”, - огоҳ мекунанд дар Кумита.

Зикр мегардад, ки дар ноҳияҳои водибудаи ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қайд мекунанд, ки ҳангоми часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ба мукаммаливу дуруст насб будани хатҳои барқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар сурати мушоҳида кардани канда шудани ноқилҳо ё қатъи таъмини барқу об ба хадамоти таъҷилӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Кумита аз ронандагон дархост мекунад, ки дар сурати пайдо шудани яхбандӣ бахусус риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мувлофиқи имкон худдорӣ варзидан аз сафар лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.