Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Зағертути ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд Рустам Саидов дар як нишебии кӯҳҳои Хоҷамастон дарёфт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 21 январ се нафар сокинони ин деҳа барои ҷустуҷӯи чорвои хонагиашон ба кӯҳ баромада, дигар барнагашта буданд.

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо якчанд рӯз идома ёфта, лекин натиҷае ҳосил нашуд.

Нимаи рӯзи 29 январ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷомӣ дар кӯҳи Хоҷамастон ҷасадҳои падару писар - Баён Солеҳови 45-сола ва Муҳтоҷиддини 15-сола дар оғӯши ҳамдигар дарёфтанд.

Ҷасадҳо қариб 3 километр дуртар аз макони ҳисти фавтидагон пайдо шуданд. Сабаби марги онҳо хунукзадагӣ арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.