Қадами Қурбон овозхони дар миёни ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф, мегӯяд чор моҳ ба як бемории номаълуме гирифтор будааст, ки ӯро то дами марг бурдааст. Аммо ҳоло ду ҳафта шуд саломатиям хубтар шуда, аз беморӣ раҳо шудам ва дар хона қарор дорам, гуфт дар суҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» овозхон.

Ин овозхони тоҷик мегӯяд, тӯли чор моҳ бемории барояш номаълум ӯро азият медод, ки ҳеҷ доруву табибе натавонистааст дардашро даво бахшад. Ӯ гуфт, баъди муолиҷаҳои тӯлонӣ 15 рӯз барои дақиқ намудани беморӣ дар беморхонаи «Мадади Акбар»-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда, табобат гирифтааст.

«Ягон дору даво накард, 15 рӯз дар беморхонаи «Мадади Акбар» бистарӣ будам, гуфтан бемории меъда дорам. Аммо ман аз дарди меъда азият намекашидам ва шикояте надоштам»,-гуфт овозхон

Ба гуфтаи Қадам, як зарф об сабаб шуду ӯ аз бистари беморӣ бархест ва ҳоло мегӯяд, «ҳеҷ беморие маро думболагир набудааст ва нест».

«Як шиносам гуфт, ки ман зиён (ҷин) дорам ва як зарф оби дам оварданд, нӯшидам. Се рӯз парҳез намуда, ҳеч гуна хӯрок истеъмол намекардам. Ҳоло сиҳату саломатам. Аз дасти аҷал раҳо шудаму боз дар тӯю маракаҳо хидмат мекунам», - гуфт ӯ.

Ин сароянда мегӯяд, тамоми мухлисонаш аз бемор буданаш огоҳ буда, ҳамарӯза ба хабаргирияш меомаданд. «Ман дар Душанбе ҳастам ва дар вақти бемор буданам тамоми мардуми Тоҷикистон ба хабаргириям омадан ва аз ҳолам пурсон шуданд. Вазъиятам хуб аст».  

Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст. 

Бояд гуфт, ки овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар нахустин сабти намоҳанг (клип)-и касбӣ таҳти унвони “Азизам” ба сароянда Қадами Қурбон кумак кард. Клип дар шабакаи YouTube дар як муддати кӯтоҳ шумори зиёди тамошобинонро ҷалб кард.

Маълумотнома аз “Азия-Плюс”:

Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагам, ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини минтақаи Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11, ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 - 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст.

Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадами Қурбон фарзанди 8 - уми оила мебошад. Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.