То имрӯз дар Душанбе беш аз нисф (51,5%)-и кормандони соҳаи тандурустӣ - 26,3 ҳазор нафар воксин гирифтанд, ки 1700 нафари онҳо кормандони Маҷмааи тиббии “Истиқлол” мебошанд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи воксинзанӣ дар Тоҷикистон 23 март шурӯъ шуд. Ба шаҳрвандон дар муддати 2 моҳ 2 воя (доза)-и ваксинаи Astra-Zeneca гузаронида мешавад.

Ба гурӯҳҳои осебпазир, ки бояд дар навбати аввал воксин гиранд, ба ҷуз кормандони тиб, инчунин кормандони соҳаи маориф ва як қатор бахшҳои дигари иҷтимоӣ қарор доранд. Воксинзанӣ ройгон ва ихтиёрӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Барномаи COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи воксинаи Astra-Zeneca гирифт. Дар доираи ин барномаи бояд 10%-и аҳолии Тоҷикистон - 1,8 млн нафар ваксина гиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.