Мусалмонон танҳо пас аз воксинзанӣ аз коронавируси нав дар адои маросими Умра ва Ҳаҷҷ (фарзӣ) иштирок карда метавонанд. Вазорати умури Ҳаҷҷ ва Умраи подшоҳӣ рӯзи душанбе чунин қарор қабул кард, иттилоъ медиҳад CentralAsia.

“Иҷозаи адои ҳаҷҷу умра  ва боздид аз ду масҷид (дар Макка ва Мадина) дар моҳи Рамазон танҳо ба касоне дода мешавад, ки ду воя (доза)-и ваксина гирифтаанд”, - овардааст изҳороти вазоратро шабакаи телевизиони “Ал-Арабия”.

Ғайр аз ин, дар Вазорат ишора кардаанд, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон имкон хоҳад шуд, ки зиёрати Масҷиди Калони Макка зиёдтар карда шавад.

Моҳи шарифи Рамазон дар аксари кишварҳо 13 апрел оғоз мешавад.

Аввали моҳи март ҳукумати Арабистони Саудӣ қарор қабул кард, ки танҳо баъди ваксиназанӣ аз коронавирус ба мусалмонон зиёрати макони муқаддас дар Маккаву Мадина иҷоза дода мешавад.

Имсол маросими адои ҳаҷи фарзӣ ба макони муқаддаси ислом ба нимаи моҳи июл рост меояд.

Соли гузашта бар асари пандемия маросими ҳаҷ бо иштироки ҳамагӣ 10 ҳазор нафар баргузор шуд, ки 305-ашон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва 70% - ашон хориҷиёни муқими ин кишвар буданд.

Зойирин аз хориҷи кишвар ба маросии адои ҳаҷ роҳ дода нашуданд. Зимни иҷозадиҳӣ ба одамони синни аз 20 то 50-солае, ки бемориҳои кӯҳна надошта, аз коронавирус сироят нашуда буданд ва қаблан маросими ҳаҷро адо накардаву ба паси сар кардани давраи карантин омода буданд, афзалият дода шуд.

Миёни онҳо табибоне низ буданд, ки бемории бар асари коронавирус пайдошударо паси сар карда буданд. Рӯзноманигорони хориҷӣ ба инъикоси ин рӯйдод роҳ дода нашуданд.

Аз моҳи ноябри соли гузашта Арабистони Саудӣ тадриҷан ба роҳ додани зойирини синни аз 50-сола боло бо доштани натиҷаи манфии ПСР-тест  баҳри адои маросими ҳаҷи умра оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.