Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 23 марти соли равон маъракаи воксинзании “AstraZeneca” алайҳи бемории коронавируси COVID-19 равона гардидааст, идома дорад. Мақомоти тоҷик ин навъи ваксинаро  санҷидашуда ва боэтимод ва ҳамзамон барои ҳифзи саломатии мардум муҳим мешуморанд, аммо бархе аз сокинон ба боэътимод будани ин ваксина шубҳа доранд.  

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 март бо имзои қароре ба ваксиназанӣ бар зидди бемории COVID-19 оғоз бахшид. Аз ҷумла дар ин қарор омадааст: “Иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад”.

Бар асоси қарори мазкур, ниҳодҳои гуногуни кишвар вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксиназанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш диҳад.

Вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, ки пеш аз ҳама ваксина бар зидди бемориро кормандони соҳаи тандурустӣ, бахшҳои стратегии хоҷагии халқ, сокинони аз 60-сола боло, шахсони гирифтории бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм мегиранд.

Шубҳаи сокинон

Аммо бархе аз сокинон, ки аз нашри хабарҳо дар мавриди маъракаи  ваксиназанӣ дар кишвар огоҳӣ ёфтаанд, ҳанӯз барои гирифтани тасмим омода набуда, ҳатто ба бехатару безарар будани “AstraZeneca” бо шубҳа менигаранд. Зеро аз паёмадҳои манфии ин ваксина ва манъи истифодаи он дар кишварҳои гуногун расонаҳои мухталиф хабару гузориш доданд. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои доғе ба миён омад.   

09.03.2021. Муовини сарвазир ва вазири тандурустӣ дар фурудгоҳ ба пешвози овардани ин воксин рафтаанд
moh.tj

Холаи Гуландоми 60 - сола яке аз онҳоест, ки мегӯяд ба ваксинзанӣ омода нест, зеро аз тариқи расонаҳо огоҳ шудааст, ки  дар дигар кишварҳо чанд нафар пас аз гирифтани ин ваксина ҷони худро аз даст додаанд. 

- Ман ба гузаронидани ин ваксина розӣ нестам, чун шояд ба саломатиам хатар дошта бошад. Бо сабаби аворизи баду манфии он ва ҳатто ҷон додани баъзе аз ваксиназадагон дар кишварҳои гуногун, намехоҳам тақдирамро имтиҳон кунам, - мегӯяд холаи Гуландом.

Ба гуфтаи Рустам, як ҷавони тоҷик, даст кашидан ё ба таъвиқ андохтани истфодаи ваксинаи “AstraZeneca” дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ боиси бештар шудани шакку шубҳа гардидааст.

- Аз он ки якчанд кишвари ҷаҳон аз истифодаи ин ваксина даст кашиданд ва сарусадоҳое, ки дар мавриди аксуламали он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, боэтимод будани онро зери суол мебарад. Аз ин хотир, агар ба ман пешниҳоди гузаронидани ваксинаи  “AstraZeneca” диҳанд, қабул намекунам,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.   

Ҳамзамон коршиноси шинохтаи сиёсӣ Сайфулло Сафаров зери матлаби яке аз корбарони “Фейсбук” дар робита ба ин ваксина навишт, ки “...агар доруи аз Ҳиндустон оварда бошад, дар 30 давлати дунё иҷозат дода нашуд, чунки хунро лахта мекунад ва боиси аз касалиҳои дил ва фишор мурдани одамон мегардад”.

- Мувофиқи хабари ба ман расида (ваксиназаниро) аз духтурон сар мекунанд. Ин ба амнияти миллии мо таҳдиди бузургест. Боз бе духтур намонем, то охири сол. Илтимос Евронюсро тамошо кунед. Он ҷо ин хабарҳо буданд,- таъкид кардааст ӯ.

Аммо баъдан навиштааст, ки ТВ Тоҷикистон ҷавоби саволи ӯро додаву вазири тандурустӣ шахсан фаҳмондааст, ки мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин ваксина ба лахташавии хун сабаб нашудааст.

- Раиси тандурустии шаҳр ба ёд овард, ки самаранокии ин ваксина 67% аст. Ваксина ба духтурон ва то 49 солаҳо гузаронда мешавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед. Пас интихоб аз ҳар яки мост, - навиштааст Сайфулло Сафаров.

“AstraZeneca” яке аз ваксинаҳои зидди COVID-19 аст, ки аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъйид шудааст. Аммо як қатор кишварҳои аврупоӣ пас аз пахши хабарҳо дар бораи лахташавии хуни баъзе афроди ваксинашуда аз истифодаи он муваққатан даст кашиданд. Дар айни ҳол ширкати “AstraZeneca” ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ доданд, ки лахташавии хуни муштариён баъд аз қабули ваксинаи “AstraZeneca” ғайриимкон аст. 

То куҷо “AstraZeneca” боэътимод аст?


Мақомоти кишвар аз боэътимод будани ваксинаи “AstraZeneca” хабар медиҳанд ва аз мардуми кишвар даъват мекунанд, ки таъҷилан алайҳи бемории коронавирус ваксина гиранд ва ба ҳар гуна овозаҳо дар он эътибор надиҳанд. 

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ рӯзи 29 март дар сомонаи худ бо нашри як муроҷиатнома ваксиназаниро ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат дар баробари коронавирус дониста, таъкид кардааст, ки бепарвоӣ дар ин маврид оқибати ногувор хоҳад дошт.

Дар ин муроҷиатнома инчунин гуфта мешавад, ки баъзеҳо ҷонибдори вокуниши ғайрифаъол ба даъвати эмкунӣ ҳастанд, ки гӯё баъзе доираҳои хориҷӣ мехоҳанд тавассути ваксина ба мардум зарар расонанд.

- Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ, - таъкид кардааст Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар.

Саидзода Файзалӣ директори генералии Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии профилактикаи Вазорати тандурастии кишвар гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда, мегӯяд ки то 5 апрел аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе 13 ҳазору 584 нафарро ба иммунизатсия фаро гирифтаанд, ки ягон ҳолати номатлуб ба амал наомадааст. Ба гуфтаи ин масъули вазорат то ҳол 26 ҳазору 273 нафар кормандони тиб аз эмкунӣ гузаштаанд.

- Эмкунии “AstraZeneca” дар зиёда аз 90 давлати дунё сурат мегирад ва ҳолатҳои номатлуби ҷиддие, ки ба фавт оварда мерасонад, ба қайд гирифта нашудааст. Ва он ҳолатҳои фавте, ки дар дигар кишварҳо буданд, ба бемориҳои ғайрисироятии музмине, ки худи беморон гирифтор буданд, вобастагӣ дошт. Новобаста аз гузаронидани ваксина,  ҳамарӯза дар кишвар фавт ба қайд гирифта мешавад. Мардуми мо фикр мекунанд, ки ба воксина вобастагӣ дорад, вале чунин фикр нодуруст аст,- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.   

Зарурати гузаронидани “AstraZeneca” вуҷуд дорад?

Вале Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино мегӯяд, эмгузаронии “AstraZeneca” дар Тоҷикистон бояд нигоҳ дошта шавад, чунки ваксина пас аз гузаронидан аксуламали хуб нишон надодааст. Ӯ ин суханҳоро дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст. 

- Аз ваксинаи Астра Зенека миқдори сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд. Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки табби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст, ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад,- навиштаст ӯ.  

“AstraZeneca”
moh.tj

Ӯ инчунин менависад, ки дар Олмон ин ваксинаро танҳо ба нафароне мегузаронанд, ки синнашон аз 60 боло бошад.  

- Вале аз дуру наздик хабари оризаҳои вазнини ин ваксана низ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин ваксинаро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввал онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад, - навиштааст Холиқзода.  

Ба гуфтаи вай, боздоштани истифода аз “AstraZeneca” дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ин тасаввуро ба миён овардааст, ки ин ваксина гӯё ба таври лозим омӯхта нашудааст. Айни ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатнокии ин беморӣ ваксина дарёфт намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ ташкил кардааст.

Холиқзода бо дарназардошти ба таври табиӣ ваксинашудани аксари мардум ва вуҷуд надоштани шиддати ваҳмангези пандемия дар кишвар, пешниҳод кардааст, ки шояд лозим аст дар гузарондани ин ваксина шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар қобили эътимод дониста нашавад, аз истифодаи он даст кашем ва ваксинаи дигареро аз Covax дархост кунем.

Ҳамон тавре аз назару дидгоҳҳои мардум ва намояндагони ниҳодҳои тандурустии кишвар маълум шуд, дар мавриди “AstraZeneca”  назари комилан қатъӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, агар раванди ваксиназанӣ ба таври шаффоф анҷом шуда, таъсири воқеии истифода аз ин ваксина тавассути ВАО ба мардум расонда шавад, шояд барои сокинон гирифтани тасмим осонтар гардад.

Бояд гуфт, ки гирифтани ваксина дар кишварамон ихтиёрӣ ва ройгон аст. Мақомот мегӯянд, барои фаҳмондани моҳияти ваксина ва бехатар буданаш маъракаи таблиғотиро тавассути ВАО-и кишвар ва аз тариқи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд.

Интизор меравад, ки Тоҷикистон ваксинаҳои дигар, аз ҷумла “Спутник V”-ро аз Русия харидорӣ намояд. Тоҷикистон  дарёфти ваксинаи “Pfizer”-ро рад кардааст, чун ба гуфтаи мақомот шароити нигоҳ доштанаш вуҷуд надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи январ эълон кард, ки дар кишвар дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт нарасидааст. Бино ба иттилои масъулони Вазорати тандурустӣ, то имрӯз 13308 нафар ба СОVID-19 гирифтор шуда, танҳо 90 нафар ба асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки поёнтарин рақам дар миқёси кишварҳои минтақа мебошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.