Рӯзи 1 май як гурӯҳ мусофирони ширкати «Уральские авиалинии»-ро ба парвоз роҳ надоданд, ки ба ин хатсайр дар даст билет доштанд. Мусофирон изҳор доштанд, ки ба ҷойи онҳо тамоман шахсони дигар парвоз карданд.
Директори намояндагии «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон Умед Лолаев дар мусоҳибааш ба хабарнигори “Азия-Плюс” сабабҳои парвоз карда натавонистани мусофиронро шарҳ дод.
- Бо кадом сабаб мусофирон ба парвоз роҳ дода нашуданд?
- Дар низоми кори фурӯши мо, ки дафтари кории асосиаш дар шаҳри Екатеринбург воқеъ аст, нуқсонҳо пайдо шуданд. Аз ин рӯ, билетҳо дубора фурӯхта шуданд. Лекин мо ин мусофиронро фавран ба дигар хатсайрҳо равон кардем ё пули билетҳояшонро баргардонида, аз онҳо узр пурсидем.
- Барои пайдо шудани ноқисиҳо касеро ҷазо доданд?
- Аз ҷониби худ мо хаттӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ муроҷиат намудем. Айни замон ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, гунаҳкорон ҳатман ҷазо мегиранд, чунки одамон нороҳат шуда, ин ба обрӯи ширкат таъсир мерасонад.
- Бо сабаби нуқсонҳо дар низоми кори фурӯши билетҳо, чӣ қадар билет дубора фурӯхта шуд?
- Тибқи ҳисобу китоби мо, 11-то танҳо дар Душанбе. Дар хатсайри Хуҷанд низ чунин ҳолат ба вуҷуд омада, он ҷо 4 нафар мусофир буд.
- Шумо доир ба фурӯши билетҳо пеш аз парвоз гуфтед. Ин чӣ гуна аст?
- Пеш аз парвоз мо метавонем мусофир ҳамроҳ кунем ё баръакс, мусофиронеро, ки вурудашон ба Русия манъ аст, ба парвоз роҳ надиҳем. Агар ба мо маълумот расад, ки вуруди кадоме аз мусофирон ба Русия манъ аст, ба ӯ пешниҳод мекунем, ки аз парвоз даст кашад, то ки пулаш беҳуда сарф нашавад. Дар ин ҳолат ширкат вазифаи худро иҷро мекунад ва ба ӯ пулаш баргардонида намешавад.
Бо назардошти ин ҳолат, дар хатсайрҳо ҷойи холӣ мемонад ва бинобар ин, мо боз билетҳоро ба фурӯш мегузорем.
Боз ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки низом ба ҳавопаймои дорои 156 ҷойи нишаст билет фурӯхта, ҳавопаймои дорои 160 ҷойи нишаст меояд ва дар ин ҳолат ҳам боз билетҳо фурӯхта мешаванд.
“Моҳҳои наздик хатсайрҳои нав боз карданӣ нестем”
- Ба мо маълум аст, ки мусофирони ширкати шумо ба самти Ош-Маскав ё Бишкек-Маскав билет харида, лекин бо сабаби муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон парвоз карда натавонистанд. Шумо ба онҳо билетҳояшонро бармегардонед ё ба дигар хатсайрҳо иваз мекунед?
- Бале, дар робита ба даргириҳо дар сарҳад, мусофирон имкон надоштанд, ки барои парвоз ба Ошу Бишкек раванд. Ин ҳолати ғайричашмдошт буд ва ба фикри ман, ин масъала ба наздикӣ ҳал мешавад.
Ҳозир ҳар рӯз 10-15 нафар ба ман муроҷиат мекунанд ва шахсоне ҳастанд, ки дигар илоҷ надоранд. Кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба ягон хатсайр ба Маскав шинонем. Билетҳои касоне, ки он қадр шитоб надоранд, ба муҳлати дертар иваз карда мешавад.
- Идораҳои масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон барои поин бурдани нархи билетҳо чӣ талаби қатъӣ (ултиматум) карданд?
- Ба ростӣ, мо ҳам ҷонибдори поинравии нархҳоем, чунки имсол мардум ба азобҳои зиёд гирифтор шуд. Аксарияташон бекор буданду даромад надоштанд. Лекин ин на талаби қатъӣ, балки метавон гуфт, ки як дархостӣ хаттӣ буд.
Мо инро ба назар гирифта, акнун нархи ҳадди ақалл (минималӣ)-и мо 4 ҳазору 300 сомонӣ ва ниҳоиаш - каме зиёдтар аз 8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд.
- Шумори хатсайрҳоро зиёд карданиед ё имкон доред, ки парвозҳои доимиро барқарор кунед?
- Моҳҳои наздик хатсайрҳои иловагӣ боз карданӣ нестем. Ин ки билетҳо ба ҳамаи хатсайрҳо фурӯхта шудаанд, сабабаш он аст, ки шумори мусофирон хеле зиёд мебошад. Масалан, барои моҳи май қариб ҳамаи билетҳо фурӯхта шудаанд. Лекин албатта, билетҳои захиравӣ ҳам дорем ва дар сурати зарурат барои мусофироне, ки дар ҳолати ноилоҷӣ қарор доранд, кумак мекунем.
Мисол оварда метавонам, рӯзи 6 май мусофирон аз вилояти Суғд ба мо муроҷиат карданд. Гуфтанд, ки кӯдак ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дошта, ваззъияташ хеле вазнин аст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаашро нишон доданд. Мо ба онҳо бо тахфиф чор билет пайдо кардем.
- Чунин муроҷиатҳо бисёранд?
- Хеле зиёд! Аз ҳама ҷо муроҷиат мекунанд, ба касе, ки ҳақиқатан ҳам зарур аст, кӯшиш мекунем, ки кумак расонем. Хатсайрҳои муносиб меёбем.
“Моҳҳои наздик поинравии нарх дар назар аст”
- Ҳозир ширкат дар як рӯз чанд парвоз анҷом медиҳад?
- Барои ҳафтае як маротиба ба якчанд шаҳрҳо иҷро кардани парвозҳо иҷозатнома дорем: аз Хуҷанд ба 14 шаҳр, аз Кӯлоб - ба 9 шаҳр ва аз Душанбе - ба 12 шаҳрҳои Русия. Дар як рӯз 2-3 парвоз анҷом медиҳем. Моҳи гузашта зиёда аз 14 ҳазор нафар мусофирон бо ҳавопаймоҳои мо парвоз карданд.
- Айни замон мусофиронро бе асос (тариқи парвозҳои мунтазам) ба Русия роҳ медиҳанд. Пас чаро намешавад шумори ҳамин хатсайрҳоро зиёд кард, то ки чунин бесарусомонӣ набошад?
- Ин масъала байни ҳукумати кишварҳо ҳал мешавад. Моро лозим меояд, ки интизор бошем.
- Ба назаратон, кай вазъият ба эътидол омада, поинравии нархҳо сар мешавад?
- Моҳҳои наздик поинравии нархҳо дар назар аст. Шояд аз аввали моҳи июн оғоз гардад. Шумо худатон шоҳид будед, ки билетҳо бо қимати 13-14 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешуданд, лекин то ба 8-8,5 ҳазор сомонӣ поин рафтанд. Ин пешравист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.