Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд.

Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт аст.

Сурат аз Kun.uz

Ба иттилои манбаъ, ба парвози шаҳрвандон аз шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон танҳо бо пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) дар бораи гузаштан аз тести ПСР (на пештар аз 72 соат то парвоз гирифта шуда бошад) ва риояи реҷаи раводиди Ӯзбекистон иҷоза дода шудааст.

Мусофирон бидуни маълумотномаи ПСР (ба кӯдакони то 2-сола маълумотнома лозим нест) ба парвоз тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоӣ роҳ дода намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел Uzbekistan Airways дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ ба Маскав хабар дод.

Зикр гардида буд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2021 ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе бо хатсайри Тошканд-Маскав-Тошканд” парвози доимӣ анҷом дода мешавад.

Ба Тошканд бо автобус

Дар ҳамин ҳол, сафар ба шаҳри Тошканд ба наздикӣ бо автобус низ имконпазир мегардад.

Дар доираи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд байни идораҳои нақлиёти кишварҳо як қатор тавофуқот ҳосил шуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати нақлиёт Тоҷикистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҷонибҳо бобати дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин низ ба мувофиқа расидаанд. Дар бораи таърих ва вақти дақиқи ҳаракати автобусҳо байни кишварҳо чизе гуфта нашудааст.

Ҳамчунин миёни ҷонибҳо атрофи суръат бахшидан ба таҳияи лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ӯзбекистон, имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК "Ӯзбекистон Темир Юллари" барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан табодули назар сурат гирифт.

Ҷаласаи байниҳукуматӣ, 14-15 май, Тошканд
Сурат: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Сохторҳои соҳаи нақлиёти кишварҳо инчунин созиш ҳосил намуданд, ки долони автомобилгарди Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин бештар фаъолона истифода шавад.

Ёдрас мекунем, ки равуои автобусҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи COVID-19 қатъ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.