Ҳукумати вилояти Суғд ба сокинон тавсия медиҳад, ки шумораи меҳмонони тӯйро то ҳадди имкон кам кунанд.

“Бо вуҷуди мавҷи нави паҳншавии коронавирус, тӯйҳо тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ, ки соли 2020 қабул шудааст, баргузор мешаванд, саҳеҳтар, тӯйҳоро бо ҳузури 100 нафар ва бо риояи қатъии ҳама чораҳои эҳтиётӣ гузаронидан мумкин аст. Лекин зикр карданиям, ки раҳбарияти вилоят ба кормандони сохторҳои масъули баргузории ҷашну маросимҳо дастур додааст, ки ба сокинон тавсия диҳанд, то ки ҳадди имкон шумораи меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниҳоро кам кунанд”, - хабар дод зимни нишшасти матбуотии рӯзи 28 июл мутахассиси шуъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят Аюб Саъуллозода, иттилоъ медиҳад Sugdnews.

Дар паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Қурбон низ дар бораи кам кардани шумори меҳмонон дар маросимҳо сухан рафта буд.

“Зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем”, - таъкид дошта буд раиси вилоят дар паёми табрикии худ.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон қарори иҷозаи иштироки 100 нафарро дар тӯй ва маъркаҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ бо назардошти беҳбуди вазъияти санитариву эпидемиологӣ қабул карда буд.

Пеш аз қабули ин қарор ба иштироки на бештар аз 30-40 нафар меҳмонон дар тӯй ва маъракаҳо иҷоза буд.

Моҳи апрели соли гузашта бошад, баргузории маросимҳои тӯй муваққатан боздошта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.