Имрӯз, 3 август дар ҳудуди боғи "Куруши Кабир" ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид. Он аз 1 то 31 августи соли равон, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 амал мекунад. Дар ин бора торнамои расмии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ иштирок менамоянд.

Қарори ташкили ярмаркаро 28 июли соли 2021 раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонида буд.

Манбаъ, менависад, ки он бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ амалӣ гардида, дар ҷойҳои муайяншуда бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ярмарка дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ гузаронида мешавад.

Ярмаркаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ярмарка дар ҳудуди бозори “Меҳргон”, дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди бозори “Ховарон”, дар ноҳияи Сино дар назди маркази савдои “Сафо” ташкил карда мешаванд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаҳо дар бозорҳои “Корвон”, “Ганҷина” ва “Панҷшер” баргузор мегардад.

Дар ҷараёни кори ярмаркаи имрӯза бо дастгирии шаҳрдории Душанбе ба зиёда аз 150 нафар ятимони кулл - таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.