Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро, имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ироа кардааст.

Сарвари давлат гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки ҳукумати мамлакат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он таваҷҷуҳи хосе зоҳир менамояд, вале яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб дар ин самт буҷету вақт ва оғозу анҷоми соли таҳсил мебошад.

Ӯ гуфтааст, ки имсол низ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати мамлакат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем,-қайд кардааст Раҳмон.

Президент ба Вазорати маориф ва илм супориш додааст, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба ҳукумати мамлакат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Воқеан, баҳси анҷоми соли хониш солҳост, ки дар кишвар доғ аст. Чанд соле пеш, ҳамасала 25 май ҳамаи дарсҳо дар кишвар ба анҷом мерасид. Баъдан. ин санаро ба 1 июн, дертар ба 7 июн, чанд соли охир ба 14 июн оварданд. Ин дар байни волидон норозигӣ ба миён овард.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорф ва илми Тоҷикистон дар охирин нишасти матуботии ниҳоди зери роҳбариаш дар мавриди дароз кардани соли таҳсил дар кишвар посух дода буд, ки инба иқлим, муҳити ҷуғрофӣ, табиат ва дигар ҳолатҳо вобаста аст.

- Масъалаи дигар, мо алакай ба низоми дигари таҳсилот гузаштем ва ин низом вақту соат буҷети навро талаб мекунад. Падару модар андешаи як нафарро мекунанд, мо пешбарандаи ҳамин сиёсат ҳастем, мо таҳлил мекунем, меомӯзем таҳқиқ мекунем,-гуфта буд вазири маориф.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвар низому тартиби худро дорад ва онҳо фаъолияти худро дар асоси муроҷиати як ё ду нафар танзим намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.