Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки ба хориҷиёни дорои иҷозаи иқомат (ВНЖ) ё патенти кор дар Русия кортҳои пластикии дорои маълумоти шахсӣ ва чип бо изи ангуштон дода шавад. Лоиҳаи фармони мазкур дар портали лоиҳаҳои асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар медиҳад РБК.

Касоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, низ ба сифати шаҳодатномаи муваққатии тасдиқи шахсият чунин кортҳо гирифта метавонанд. Инчунин ба шахсони бешаҳрвандии дорои патент низ чунин корт дода мешавад.

Корти пластикӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад: акси чеҳра дар шакли электронӣ, тасвири шакли папиллярии ангуштҳо, коди QR. Корт инчунин дигар маълумоти шахсиро дар бар мегирад, ки ба муайян кардани шахсияти соҳиби он кумак мекунанд.

Корт метавонад дар муддати 10 сол аз лаҳзаи сабт дар интиқолдиҳандаи электронии маълумот дар бораи иттилои шахсии биометрӣ истифода шавад.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда буд, ки аз 29 декабр ба муҳоҷирони корӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, чунин кортҳо дода шавад.

Кортҳои электронӣ бо назардошти мавҷуд будани имкони техникӣ дода мешаванд. Дар акси ҳол, аз хориҷиён ва муҳоҷирон ҳуҷҷати коғазии тасдиқкунандаи изи ангушт ва аксбардории онҳо барои шуъба талаб мешавад.

Дар Русия ҳамчунин сабти ҳатмии электронии муҳоҷирон барои кор ҷорӣ мешавад. Ҳам корфармоён ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар феҳристи махсус сабти ном шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.