Тарроҳон (дизайнерон)-и тоҷик 24 декабр маҷмӯаи сарулибосҳои худро дар намоишгоҳи ЭКСПО-2020 дар Дубай намоиш доданд. Ин рӯз дар намоишгоҳ Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” созмондиҳандаи ин намоиш, мудири кулли «Tajikistan Fashion Week» Тоҳир Иброҳимов хабар дод, барои намоиши мӯди миллӣ чор нафар тарроҳони тоҷик - Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, Гугуш Ашӯрова ва Фария Саидова интихоб шуданд.

Онҳо маҷмӯаи либосҳоро бо сабки миллии ҳар як минтақаи Тоҷикистон намоиш доданд.

Заргари ҷавон Кристина Иляс бренди миллии худро аз ҷавоҳироти нуқрагии YAS муаррифӣ кард.

Ба гуфтаи Иброҳимов, маҷмӯаи Тоҷикистон ба тамошогарони намоишгоҳ хеле писанд омад.

“Пас аз намоиш ҳозирин тақрибан як соат бо моделҳои мо аксбардорӣ карданд. Ин хеле зебо ва таъсирбахшу самимӣ буд”, - иброз дошт вай.

 

 

Зимнан зикр шуд, ки Умед Кучкалиев маҷмӯаи навшудаи худро бо номи “Арӯсак” иборат аз либоси тӯёнаи арӯсони тоҷик намоиш дод.

Умед Кучкалиев бо маҷмӯаи навшудаи худ бо номи “Арӯсак”

Нафиса Имронова маҷмӯаи либос ва орошоти навшудаи помириро ба маърази тамошо гузошт.

Нафиса Имронова бо маҷмӯӯаи худ

Гугуш Ашӯрова маҷмӯаи Суғди бостониро муаррифӣ кард, ки дар он аз нақшҳои қадимӣ, сарпӯш ва кулоҳҳо истифода шудааст.

Гугуш Ашӯрова маҷмӯаи Суғди бостониро муаррифӣ кард

Фария Саидова маҷмӯаи либосҳои миллии вилояти Хатлонро муаррифӣ кард.

Фария Саидова ва моделҳои ӯ

Мудири кулли «Tajikistan Fashion Week» илова намуд, ки аз кори тарроҳони тоҷик хеле қаноатманд буда, дар оянда ба онҳо барору комёбӣ мехоҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.