Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро бо қисмати шилоии кишвар пайваст мекунад, барқарор шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” сухангӯи филиали ширкати IRS Далер Абдулло хабар дод, айни замон ҳам мошинҳои сабукрав ва ҳам боркаши калонҳаҷм тариқи ин роҳ ҳаракат карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта ҳаракат бо ин роҳ бар асари тармафароиҳо баста шуда, рӯзҳои истироҳат низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт гоҳе иҷоза мешуду гоҳе манъ.

Ба гуфтаи сухангӯи филиали ширкат, рӯзҳои истироҳат ин роҳ ба сурати умум ба муддати панҷ соат баста шуда, давоми ду рӯз 16 тарма фаромадааст, ки 6-тоаш калон буданд ва асосан дар ағбаи Шаҳристон ба қайд гирифта шудаанд.

“Ҳолатҳое буд, ки дар як километр то панҷ тарма фаромад, аз ҷумла дар километри 156-ум чунин буд”, - иброз дошт Абдулло.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 12 то 16 март дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боридани барфу борон, раъду барқ ва жола дар назар аст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кард, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.