Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон воридот ва фурӯши ғайриқонунии китобҳои динӣ, нагузаштани асарҳо аз ташхиси диншиносӣ ва шикояти муаллифони китобҳоро аз сабабҳои аслии баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ дар Душанбе гуфтанд.

Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, дар баробари дӯконҳо, дари чанд матбаа низ бо ин далел баста шуда, нисбати соҳибони дӯкон ва матбааҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Масалан, яке аз муаллифон шикоят мекунад, ки чанд соле пеш китоби худро бо теъдоди ҳамагӣ 200 нусха нашр карда, барои фурӯш ба соҳибони дӯконҳо пешниҳод кардааст. Cоҳибони дӯконҳо бошанд, бе гирифтани розигӣ ва бидуни пардохти ҳаққи қалам ба ӯ китобашро то 20 ҳазор нусха бо сифати паст нусхабардорӣ карда, ба фурӯш гузоштаанд. Ин аз як ҷониб нақзи ҳуқуқи муаллиф, аз ҷониби дигар мухолифи талаботи қонунгузории озодии виҷдон мебошад”, - гуфт Афшини Муқим.

Ӯ афзуд, баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ муваққатӣ аст ва он китобҳое, ки аз мағоза ва матбааҳо мусодира шуданд, айни ҳол дар омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд.

“Тибқи қонунгузорӣ онҳо бояд ҳамаи китобҳои диниро пеш аз ворид намудан ба кишвар ва ба фурӯш баровардан аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаронанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки  баъзе аз фурӯшандагон баъди чанд соли аз ташхиси диншиносӣ гузаронидани китоб, онро бори дигар нашр кардаву ба фурӯш мебароранд. Дар ин муддат шояд ба муҳтавои ин китобҳо тағйирот ворид шуда бошад”, - мегӯяд, сухангӯи Кумитаи дин.

Айни замон санаи боз шудани дӯконҳои китоби динии Душанбе, ки дар назди масҷиди марказии шаҳр воқеъ буда, аҳолӣ асосан адабиёти диниро аз онҷо мегирифтанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми сентябр Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд ва масъулони Кумитаи дин қазияро шарҳ надодаанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки пушти дари дӯконҳо муҳри Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин зада шудааст.

Дар дӯконҳои назди масҷиди марказии Душанбе асосан адабиёти диние фурӯхта мешуд, ки бо иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон нашр ва ё аз хориҷ ба кишвар оварда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.