Аз 5 то 12 ноябр равуои шаҳрвандон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи назоратии “Ҷартеппа” дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Ургут маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Kun.uz.
Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷойгир шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити бештар мусоиду бароҳат барои мусофирон биноҳои воқеъ дар постгоҳи “Ҷартеппа” аз таъмири асосӣ бароварда шуда, гирду атроф ва қаламрави гузаргоҳ ободу кабудизор гардонида мешавад.
Маҳдудият ба категорияи зерини шаҳрвандон дахл надорад:
- кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;
- аъзои ҳайатҳои расмӣ (давлатӣ);
- кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;
- ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;
- шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки доимо дар Тоҷикистон иқомат доранд;
- шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;
- шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд.
Қобили зикр аст, ки қаблан аз 5 то 16 сентябри соли 2022 постгоҳи гумрукии сарҳадии “Ҷартеппа” дар робита ба баргузории корҳои таъмири асосии биноҳо ва ободонии қаламрави гузаргоҳ муваққатан баста шуда буд.




Водный кризис в Центральной Азии в цифрах
Бежать или не бежать? Иранцы решают, стоит ли им покинуть страну из-за войны
Сборная Таджикистана выступит на чемпионате Азии по дзюдо в Китае
Таджикистан до конца 2026 года будет получать от АБР исключительно гранты
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 марта 2026 года
Хотите кому-нибудь помочь в месяц Рамазан, но не знаете, кому? У нас есть список и контакты
Талбак Назаров — патриарх таджикской дипломатии
Три добровольных милостыни в месяц Рамазан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 марта 2026 года
80 лет Душанбинскому заводу «Торгмаш»: от начала строительства до мировой известности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста