Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Маскав ва вилояти Маскав рафтан мехоҳанд, мустақиман дар Душанбе пешакӣ барои гирифтани патент ариза дода метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.

“Як қисми ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон омода шуда, пас аз ин ба муҳоҷир танҳо лозим меояд, ки ба Маркази муҳоҷирати Маскав ҳозир шуда, барои амалисозии фаъолияти муваққатии корӣ патент гирад”, - шарҳ доданд дар Вазорат.

Маросими ифтитоҳи марказ рӯзи 9 ноябр бо иштироки муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук доир гардид.


Ба иттилои манбаъ, вазифаҳои марказ аз роҳандозии пойгоҳи маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ ва корҷӯён, ташкили суҳбатҳои онлайнӣ ва баҳодиҳӣ ба салоҳиятнокии касбии номзадҳо ба ҷойҳои корӣ иборат аст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба қоидаҳои будубош ва кор дар Русия машварат дода мешавад.

“Тариқи марказ тоҷикистониён пешакӣ аз ҷойҳои кории холӣ дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва вилояти Маскав сарфи назар аз шакли моликияташон, огоҳ карда мешаванд. Мутаносибан ба корфармоҳо низ дар бораи мутахассисони Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Номзадҳо ба ҷойҳои корӣ бояд анкета (маълумотнома) пур кунанд”, - гуфтанд дар Вазорат.

Дар марказ инчунин метавон ба қабул дар Маркази муҳоҷирати Маскав номнавис шуда, дар харидани билет низ кумак дастрас намуд.

Марказ дар суроғаи кӯчаи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи марказ дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш байни КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКХ-и Русия ва Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар бораи ифттоҳи намояндагии ин корхона дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.