Кумитаи андози Тоҷикистон 5 андозсупорандаи беҳтаринро дар соли 2022 муайян кардааст, хабар медиҳад нашрияи расмии кумита - “Боҷу хироҷ”.

Ба иттилои манбаъ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и шаҳри Душанбе, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶДММ “Газпром нефт Таджикистан”-и шаҳри Душанбе беҳтарин андозсупорандаи соли 2022 дониста шуданд.

Ин ниҳод гуфтааст, онҳо бо нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамчун андозсупорандаи беҳтарин дониста шуданд.

“Дар асоси нишондиҳандаҳо оид ба риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, сари вақт ва пурра таъмин намудани пардохти маблағи андоз, ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз, “Андозсупорандаи беҳтарин” интихоб карда мешавад”,- навиштааст "Боҷу хироҷ".

Гуфта мешавад, ки онҳо дар асоси хулосаи Комиссияи махусуси Кумитаи андоз андозсупорандаи беҳтарини соли 2022 интихоб шудаанд ва чанд нафари дигар ҳам ҳамчун беҳтарин андозсупоранда интихоб ва бо диплом сарфароз гардидаанд.

Тибқи анъана Кумитаи андози Тоҷикистон ҳамасола беҳтарин андозсупорандаи солро маълум карда, ба онҳо диплому ифтихорнома медиҳад. Ин тасмим ба хотири ҳавасманд гардонидани андозсупорандагон ва ҷалби бештари онҳо ба роияи қонунгузории андоз нигаронида шудааст.

Акс аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Дар соли 2021 БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ “Ширкати металургии Анзоб”, ҶСП “Шивер Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶДММ “Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон”, ҶСК “Алиф Бонк” ва ҶДММ “Душанбе Сити” беҳтарин андозсупорандаи сол эълон шуда буданд.

Андозсупорандагони “бемасъулият” киҳоянд?

Эълони беҳтарин андозсупорандаи соли 2022 дар ҳолест, ки андозсупорандагони зиёде аз сарбории андоз шикоят мекунанд ва ниҳодҳои байналмилалӣ низоми андозбандии Тоҷикистонро борҳо мавриди интиқод қарор додаанд. Масъулини мақомоти андоз чунин интиқодҳоро қобили қабул намедонанд.

Кумитаи андоз дар баробари эълони беҳтарин андозсупорандагон, ҳамасола рӯйхати ширкатҳое, ки аз пардохти андоз қарздоранд ва ё уҳдадории худро иҷро намекунанд, низ нашр мекунад.

Бори охир, моҳи ноябри соли гузашта нашрияи расмии Кумитаи андоз навишт, ки то аввали семоҳаи ахири соли гузашта қарз аз пардохти андоз 1 млрд 70 млн сомонӣ (105 млн доллар)-ро ташкил додааст. 

Дар хабар гуфта мешуд, ин нишондиҳанда 264 млн сомонӣ (ҳудуди 26 млн доллар) зиёдтар нисбат ба аввали соли 2022 аст.

Қаблан, тобистони соли 2022, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарз аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: НБО “Сангтӯда-1” - 244,6 млн сомонӣ, “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он - 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” рост меояд.

Ӯ таъкид дошта буд, ки масъулияти пардохти қарзҳои Неругоҳи “Сангтӯда-1” ба дӯши ШСХК “Барқи тоҷик” аст.

Қобили зикр аст, ки қарзи пардохтнашудаи ин неругоҳ аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” то 31-уми декабри соли  2022-юм 2 млрд 368 млн сомонӣ (ҳудуди 230 млн доллар)-ро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.