“Парвоз” - ягона боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд, ки солҳои қабл беш аз 40 намуд ҳайвон дошт ва макони тамошобоб барои сокинон ба ҳисоб мерафт, дар ҳоли нобудӣ қарор дорад. Мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки аз мушкили ин боғ хабар надоранд.

Ин боғи ҳайвонот дар мавзеи Наврӯзгоҳ (Чумчуқарал) – и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, соли 2016 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил шудааст.

Мадина Давлатова, директори боғи ҳайвоноти “Парвоз” 18-уми январ, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, таҷрибаи кор дар ин соҳа ва ҳам меҳр ба олами вуҳуш ӯро водор намуд, ки ягона боғи ҳайвонот дар вилояти Суғдро ташкил диҳад.

“Солҳои зиёд дар сирки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон кор кардам ва ба хулосае омадам, ки дар вилояти Суғд боғи ҳайвонот ташкил кунам. Чун дар вилоят ягон боғи ҳайвонот мавҷуд нест ва ҳамаи сокинони вилоят имкони сафар ба пойтахт ва тамошои ҳайвоноти ваҳширо надоранд. Аз ин лиҳоз, бо пули қарзе, ки аз бонк гирифтем, боғи ҳайвонот ташкил кардем”, - ба хотир меорад Мадина Давлатова.

Ӯ мегӯяд, ҳудуди 40 ҳайвонро аз боғи ҳайвоноти Душанбе, баъзеашро аз шаҳри Тошканд харида, ба Хуҷанд овард ва ҳамин тавр, “Парвоз”-ро ташкил намуд.

“Як шери мода наздики 4 ҳазор доллар, як паланг қариб 5 ҳазор доллар аст”, - мегӯяд Мадина Давлатова.

Ӯ умед дошт кораш рушд мекунад ва сокинони вилоят ба тамошо меоянд, аммо бо гузашти наздики 7 сол, тамоми умедаш барбод рафтаву ҳоло намедонад чанд ҳайвони боқимондаро чӣ тавр бо хӯрок таъмин кунад

Мадина Давлатова

“Ин маконе, ки мо боғ ташкил кардем ба иҷора гирифтаем ва ҳар моҳ қариб 2 ҳазор сомонӣ пардохт мекунем. Ҳамчунин, ба ҳайвонот ғизо мехарем. Бар замми ин, пардохтҳои дигар ҳаст, ки бояд диҳем. Ин ҳамаро дар ҳоле метавон пардохт кард, ки тамошобин ба боғ биёяд”, - бо таассуф мегӯяд Мадина Давлатова.

Нархи чипта вуруд ба боғи ҳайвонот барои калонсолон 5 ва барои хурдсолон 3 сомонӣ муайян шудааст, аммо ба қавли соҳиби боғ, аз ин ҳисоб даромади ночиз дорад, ки ҳатто қисме аз хароҷоташро намепӯшонад.

Ӯ мегӯяд, агар ҷойи мувофиқу камхарҷ бошад ва мақомот дастгирӣ кунад мешавад фаъолият кард, дар сурати ғайр ҳеҷ имкони нигоҳдошти боғ вуҷуд надорад.

Бар замми ин, сиркҳои сайёри кишвари ҳамсоя низ ба кори онҳо халал ворид карда, боиси кам гардидани тамошобин шудаанд.

Мадина Давлатова мегӯяд, ҳамаи ин мушкилҳо маҷбур кардаанд, ки беш аз ними ҳайвонҳоро ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ва сирки сайёри шаҳри Турсунзода супорад ва ҳоло танҳо 10 ҳайвон дар боғ боқӣ мондаанд.

“Соли гузашта мошини шахсиямро фурӯхта барои ҳайвонҳо хӯрок харидам, зеро дастгириҳое, ки қаблан ваъда шуда буд, накарданд”, - гуфт Мадина Давлатова.

Дар сардиҳои ахир, шароити нигоҳдошти ҳайвонҳои ваҳшии ин боғ боз ҳам душвортар шудааст.

Мактуб ба дастгоҳ ва “тӯби футбол” дар мақомоти вилояти Суғд

Бо хоҳиши кӯмак Мадина Давлатова моҳи октябри соли 2019 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мактуб навишта, мушкилашро батафсил баён кардааст.

“Дар посухи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон навиштаанд, ки ба ҳукумати вилоят ҷиҳати расидагӣ ба мушкили ман дастур дода шудааст. Ин мактубро гирифта ба чандин сохтори мақомоти вилояти Суғд муроҷиат кардам, аммо  байни ин сохторҳо “тӯби футбол” шудам, аммо ягон натиҷа нест”, - гуфт Мадина Далатова.

Дирӯз, 25-уми январ, котиби матбуоти раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов гуфт, аз шикояти ин зан роҳбарияти вилоят хабар надоранд.

Парвина Рустамова, муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд низ зимни суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” аз шикояти ин зан ва мактуб изҳори бехабарӣ кард.

Ӯ гуфт, ки “Раёсати фарҳанг танҳо боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва истироҳатиро танзим мекунад, на боғи ҳайвонотро” ва ҳамин тавр, тавсия дод, ки ба мақомоти масъули шаҳри Хуҷанд муроҷиат кунем.

Имрӯз, 26 январ як масъули шуъбаи умумии ҳукумати шаҳри Хуҷанд бидуни зикри номаш гуфт, “ягон мактуб ба номи раиси Хуҷанд оид ба боғи ҳайвоноти "Парвоз" ворид нашудааст”.

“Аслан Мадина Давлатова соҳибкор инфиродӣ аст ва дар қайди соҳибкорони Хуҷанд нест”, - илова кард ин масъули ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан, дар замони Шӯравӣ дар мавзеи Наврӯзгоҳ (Чумчуқарал)-и шаҳри Хуҷанд боғи ҳайвоноти хурд вуҷуд дошт, ки сокинони вилоят ба тамошо мерафтанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки шароити иқтисодии кишварро душвор карда буд, боғи ҳайвонот аз байн рафт.

Ҳамакнун, эҳтимол аст ягона боғи ҳайвонот дар ҳудуди вилояти Суғд пас аз чанд соли фаъолият, бо сабаби мушкилоти зиёди молиявӣ ва адами дастгирии мақомот фаъолияти худро қатъ кунад ва сокинони вилоят аз тамошои камхарҷи ҳайвонҳои ваҳшӣ маҳрум шаванд.

1/6

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.