Кумитаи андози Тоҷикистон номи 29 блогери маъруфи кишварро нашр кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромади худ андоз намесупоранд.
Дар миёни рӯйхати нашркардаи ҳафтаномаи расмии ин ниҳод “Боҷу хироҷ” номи Беҳруз Зеваров (масъули гуруҳи “Tamoshow” дар Ютуб), овозхон Мубориз Усмонов (масъули гуруҳи “mubor1z” дар Ютуб), журналист ва таронанавис Орзу Исоев (масъули гуруҳи Orzu Isoev), ҳавнигор Саидҷон Идиев (масъули гуруҳи Шакарханд дар Ютуб), Ҷонон Ашурова (масъули гуруҳи “jononisher” дар Ютуб), Фаридун Саидов (масъули гуруҳи “m_Favik.tj” дар Ютуб), Сабинҷон Нуриддинов (масъули гуруҳи “sabinjonnofficialll” дар Ютуб), Сино Соҳибов (масъули гуруҳи “Sinojon_sohibov” дар Ютуб), Ғолиб Мусоев (масъули гуруҳи golib_show), Аъзам Назриев (масъули гуруҳи “zanjabilbro” дар Ютуб) ҳастанд.
Манбаъ навиштааст, ки ин блогерон “аз ҳисоби зиёд намудани шумораи обуначиён, қабули роликҳои таблиғотӣ, азназаргузаронии пранк-видеоҳо ва дигар саҳнаҳои ҳаҷвӣ даромад ба даст меоранд, яъне бидуни қайд дар мақомоти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд”.
“Тавре аз натиҷаи мушоҳидаҳо ва корҳои назоратии мақомоти андоз бармеояд, баъзе блогерҳои шинохта, бемасъулиятӣ нишон дода, бе ҳуҷҷати соҳибкорӣ ва бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият карда, даромад ба даст оварда истодаанд”, - омадааст дар навиштаи рӯзнома.

Ин ниҳод гуфтааст, блогерон бояд барои ба қайди давлатӣ гирифтани фаъолияти худ ба мақомоти андоз муроҷиат кунанд, дар акси ҳол, “қонунгузории соҳаи андоз муқаррароти дигареро аз қабили механизмҳои гузаронидани корҳои назоратӣ ва татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ таъйин кардааст”.
Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, “бо вуҷуди аз ҷониби мақомоти андоз борҳо огоҳонида шудан, онҳо фаъолияташонро то ҳол ба қайди давлатӣ нагирифтаанд”.
Дар ҳамин ҳол, Орзу Исоев, журналист ва таронанависи шинохтаи тоҷик, ки номи ӯ ҳам дар қатори “блогерони бо соҳибкории ғайриқонунӣ машғулбуда” зикр гардидааст, мегӯяд “ин иштибоҳ аст” ва дар фаъолияти ӯ “ягон қонуншиканӣ нест”.

“Google ду сол пеш ба ҳамаи корбаронаш паём дод, ки дар муддати як моҳ нусхаи ҳуҷҷати андозсупорӣ ё сертификати соҳибкории худро равон кунанд. Касе фиристод, аз даромадаш маблағ ихтисор нахоҳад кард. Касоне, ки то муҳлати муқарраргардида нусхаи ҳуҷҷат нафиристод, тибқи қарордоди Google бо Тоҷикистон, аз ҳисоби даромадаш як миқдор маблағ кам карда мешавад”, - гуфт Орзу Исоев.
Назари дигар “блогерони бо соҳибкории ғайриқонунӣ машғулбуда”, ки номашон дар рӯйхати Кумитаи андоз сабт гардидааст, доир ба даъвои ин ҳафтанома то ҳол дастрас нест.
Рӯзнома “Боҷу хироҷ” ҳамчунин, иттилоъ додааст, ки то 1-уми феврали соли 2023 дар кишвар 60 блогери тоҷик аз қайди давлатӣ гузаштанд ва дар соли гузашта ба буҷет 1,3 млн сомонӣ андоз пардохт кардаанд.
Дар миёни онҳо блогероне чун Рафаэл Гулов, Диловар Сафаров, Шоира Пулатова, Умеда Парсаева, Мансур Нигматов ва ғайра ҳастанд.
Шурӯъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар мақомоти андози Тоҷикистон оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.
Ба қавли ӯ, ҳама, аз ҷумла блогерон, низ назди қонун баробаранд.
“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд андоз пардохт намоянд”, - гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Гуфтан ба маврид аст, ки ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти соли 2021 ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шудааст.
«То, что я сделал, было моим долгом». Мигрант, вынесший троих детей из горящей квартиры в Екатеринбурге, оказался таджиком
Спасти ледники. Более 1000 делегатов соберутся на Международную конференцию в Душанбе
Суд в Москве продлил срок ареста таджикистанцев – фигурантов дела о теракте в «Крокусе»
Таджикские каратисты завоевали 20 медалей на чемпионате в Малайзии
От требований Таджикистана до регламентов Саудовской Аравии. Как правильно совершить хадж в 2025 году?
В Таджикистане введены сезонные ограничения для проезда большегрузов
Проект «Цифровые основы Таджикистана» официально запущен
Казахстан приобрел суперкомпьютер – самый мощный в Центральной Азии
Симоне Зе Атанасовски: «Важно улучшать бизнес-среду в Таджикистане»
Таджикистанец и пятеро узбекистанцев получили новые сроки за попытку побега из колонии в Липецке
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста