Дар се рӯзи аввали ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон боришот дар назар нест, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Аз 20 то 23 март вобаста ба минтақаҳо ҳарорати миёна рӯзона аз 17 то 24 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лекин аз 23 март дар баъзе ноҳияҳо боришоти начандон зиёд пешбинӣ шуда, чунин обуҳаво то охири ҳафтаи идона - 26 март боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, то охири ҳафтаи ҷорӣ дар кишвар боришот дар назар нест.

Сурат: Asia-Plus

Рӯзи 19 март дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 9-11 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо 10+12º гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 10+15º гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм (дар ноҳияи Дарвоз то 19+21º гарм), дар шарқи вилоят шабона 13-18º хунук (дар мавзеи Булунукӯл то 27-29º хунук), рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки рӯзҳои 15-16 март бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ дархост менамояд, ки аз сафару сайругашт ба макони дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷашни Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон 8 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки рӯзи кории 20 март (душанбе) ба рӯзи 19 март (шанбе) гузаронида шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.