Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби оғози соли нави хониш ва дар робита ба афзоиши теъдоди мусофирон дар хатсайрҳо чунин тасмим гирифта шудааст.
“Шумори ин навъи нақлиёт 100 адад зиёд карда мешавад. Яъне агар имрӯз дар хатсайрҳои пойтхат 350 адад автобусу троллейбусҳо равуо дошта бошанд, пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 450 адад расонида мешавад, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ. - Шумори микроавтобус (маршрутка) ва таксиҳо бетағйир боқӣ мемонад”.
Қаблан моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳрдории пойтахт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро вазъи марбут ба нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳр ба рӯзноманигорон шарҳ дода буд.
Ба гуфтаи вай, айни замон норасоии назарраси нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ба мушоҳида намерасад.
Зикр шуда буд, ки дар моҳҳои фасли тобистон ҳамарӯза 300 автобус, 64 троллейбус, зиёда аз 1100 микроавтобус (маршрутка) ва ҳудуди 2 ҳазор таксӣ ба сокинони пойтахт хидматрасонӣ мекунанд.
Он замон ӯ зикр карда буд, ки бо оғози соли нави хониш - аз 1 сентябр шумори нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ зиёд карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳр аллакай аз ҳозир шикоят мекунанд, ки дар хатсайрҳои муайян камбуди нақлиёти ҷамъиятиро эҳсос мекунанд.
Таджикистан и Япония договорились о подготовке специалистов для работы в Японии
Правительство РФ одобрило запрет приема в школы детей мигрантов без знания русского языка
СМИ: Россия обратилась к Турции за помощью в выводе войск из Сирии
Украина готовит встречу контактной группы по завершению войны
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 декабря 2024 года
10 мифов о гриппе: Только чеснок вас спасет и антибиотики
2024 год может стать самым жарким за всю историю наблюдений
Как мигранты берут на себя восстановление родных поселений
В Британии имя Мухаммед впервые стало самым популярным
Из миграции – в рабство. Как менялась ситуация с торговлей людьми в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста