Ҷо Байдени 78-сола ба унвони 46-умин раисҷумҳури Амрико дирӯз дар як маросими таҳлиф ё савгандёдкунӣ, ки зери таваҷҷуҳи сиёсат ва расонаҳои дунё буд, зимоми қудрати яке аз кишварҳои нерумандтарини дунёро ба даст гирифт.

Ҷо Байдени демократ замоне зимоми қудратро ба даст мегирад, ки Амрико гирифтори як буҳрони сиёсӣ аст ва кор бо пасмондаҳои сиёсиву ҳуқуқии ҳукумати Доналд Трамп барояш осон нахоҳад буд.

Нахустин бор буд, ки бар хилофи суннати роиҷ дар ин кишвар раисҷумҳуре, ки бояд қудратро дар ихтиёри раисҷумҳури тозаинтихоб бигузорад, дар маросими савгандёдкунӣ ширкат накард. Доналд Трамп 20 январ Кохи Сафедро тарк кард. Аммо раисҷумҳурҳои пешин ин кишвар Борак Обама, Ҷорҷ Буши писар, Билл Клинтон дар ин маросим ҳузур доштанд. 

1/34

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.