Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест.
Ба иттилои шабакаи "Тулуънеюс" ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд.
Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр барои хутбаҳои намози ҷумъа содир кардааст, гуфтааст, ки ҳеч зане ҳақ надорад дар пеши мардон худнамоӣ кунад.
"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омадааст дар ин дастур.
Ин вазорат пӯшонидани сурати занонро фарз хонда ва гуфтааст, ки риояти ҳиҷоб аз зоеъ шудани неруи фикрӣ ва кории ҷавонон ба унвони сутунфуқароти ҷомеа (қишри муҳими ҷомеа) ҷилавгирӣ мекунад.
Ҳукумати толибон баъди ба ғасби қудрат дар Афғонистон дастурҳои сангинеро барои риояти дастурҳои исломӣ ҷорӣ кардаанд, ки бештари мардуми Афғонистон ин қоидаҳоро бардоштҳои толибон аз ислом унвон мекунанд.
Аз ҷумла 12-уми ноябр расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки Толибон дар Бадахшон як сокини деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошимро барои гӯш кардани мусиқӣ лату кӯб карданд ва куштанд.
Рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и чопи Кобул аз ин ҷавон Воҳидуллоҳ ном бурда буд, ки ӯро толибон ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ аз телефони ҳамроҳаш боздошт карда буданд.
Толибон дар ҳукумати қаблияшон (1996-2001) барои қоидаҳои сахтгиронашон, ки ҳамчун дастурҳои диннӣ ба мардум ва ҷомеаи Афғонистон талаққӣ мекарданд, ҳамеша аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод қарор мегирифтанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста