Дар Душанбе имрӯз дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар баробари мавзуъоти дигар, вазъи Афғонистон низ баррасӣ мешавад. Ҳамчунин бархе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар низ аз ИА хостаанд, ки нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.
Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои баррасси масоил ба Душанбе омадааст.
Ин 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, Ҷозеф Боррел имрӯз бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мулоқот хоҳад кард.
Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шароите баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон бештар мешавад. Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) мақараш дар Ню-Йорк аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот таҳти фишор қарор бидиҳад.
Ҳуг Виллигсон, масъули ин созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар баёнияе гуфтааст, ки "бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
В Душанбе состоится выставка отечественных и зарубежных товаропроизводителей
Пыль из Сахары окрасила греческие Афины в оранжевый цвет
Huawei и «Коиноти нав» открыли первый в Таджикистане авторизованный учебный центр
В 2050 году население Центральной Азии превысит 100 миллионов человек. Что нас ждет?
Раиси: «От израильского режима ничего не останется, если он еще раз нападет на Иран»
Из озера в Душанбе извлекли тело молодого человека
Суд в Москве ужесточил наказание для таксиста, уроженца Таджикистана, по делу о госизмене и контрабанде
В Афганистане произошло громкое убийство влиятельного функционера «Талибан». Говорят, это послание всей группировке
В Исфаре селевой поток подтопил подвалы домов и подсобные помещения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста