Рӯзномаи "8 субҳ"-и Кобул дар як мақолае аз Амин Кова баҳси қавм ва қавмгаройӣ дар низоми сиёсии Афғонистонро ба баҳс кашида, гуфтааст, ки мушкили асосии ҳамаи низомҳои фурӯпошида ва мавҷуд дар ин кишвар қавму қавмгаройист.
Ин шабу рӯзҳо, ки тамоми дунё масъалаи ташкили ҳукумати ҳамашумулро дар Афғонистон аз "Толибон" мехоҳанд ва ҳукумати имрӯзаи "Толибон"-ро як ҳукумати қавмӣ ва ташкилшуда аз намояндаҳои як қавм медонанд, баҳси қавму қавмгаройӣ дар ин кишвар доғтар шудааст.
Муаллифи ин матлаб гуфтааст, ки ҳатто ҳамаи идеологияҳо дар Афғонистон пойбанди қавмият шудаву дар ихтиёри қавгароҳо қарор гирифтаанд. Амин Кова дар ин матлаб гуфтааст, ки "Толибон" дар ҳастаи раҳбарӣ ва тасмимгирӣ, як гурӯҳ қавмӣ ҳастанд".
"Азия-Плюс" ин матлабро аз форсӣ баргардон ва барои хонадагонаш пешкаш мекунад:
Масъалаи қавмии қудрат дар Афғонистон, ҷидоли ҳамешагӣ ва мунозиъа (кашмакаш)-и тамоми давронҳои таърих ба ҳисоб меравад. Ба гунае, ки аз таърихи таъсиси Афғонистон то кунун, сиёсат бар меҳвари қавмият мечархад ва ҳама идеологияҳои сиёсӣ дар ихтиёри қавмият қарор гирифтааст. Таҷрибаи чаҳор даҳаи пасини Афғонистон ба хубӣ нишон медиҳад, ки роҳи расидан ба қудрати сиёсӣ аз дили қавмият мегузарад ва меҳвару бунёди сиёсат дар Афғонистон низ қавмият аст.
Аз рафторҳои зимомдорон то фарҳанги ҳокимон дар ҷомеа, ҳама бозтобдиҳандаи мунозиъаи қавмии қудрат дар кишвар будааст. Тақсими маносиби (мансабҳо) давлатӣ дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта ба ҷойи шаҳрвандмеҳварӣ бар мабнои қавм сурат гирифт ва ниҳодҳову сохторҳо бар фаҳму боварҳои қавмӣ дарк ва санҷида шуд. Чунончи идеологияҳои мутааддиде аз марксисм то толибонисм дар ихтиёри қавмият қарор гирифтанд.
Дар тӯли ду даҳаи гузашта, машқи демукросӣ ва ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ низ натавонист ҷомеаи Афғонистонро мардумсолор, демократ ва шаҳрвандмеҳвар бисозад ва марҳалаи гузор аз қавмият ба миллат шуданро фароҳам кунад. Зеро бистар барои чунин амре мусоид набуд, чун ҳокимони ғайрилиберол дар низоме, ки бар мабнои демукросӣ устувор буд, ҳукмронӣ карданд. Қабилагароён ва хонҳои ақвом, ки бар хони қудрат дар муомила қарор доштанд, ба қидосати (покӣ) сиёсату соҳати демукросӣ таарруз (дастдарозӣ) карданд, арзишҳои либералиро дар майдони бозии қавмӣ ва нигоҳ ҳажмунӣ (hegemony, бартарӣ, авлавият)-и қавмӣ ба қудрат, қимор заданд ва то тавонистанд, қавмгароӣ карданд, шикофҳои қавмиро фарохтар намуданд, ба танишҳои қавмӣ доман заданд, нокомиҳои сиёсӣ ва мудириятиашонро бо шӯълавар шудани мунозиъоти қавмӣ сарпӯш гузоштанд, аз ҷумҳурият сухан гуфтанд, кори қавмият карданд ва дида мешавад, ки бародари иморатхоҳон низ сарнавишти беҳтар аз ҷумҳурият надорад. Акнун нигоҳ худӣ ва ғайрхудӣ ба «низом» фарбеҳтар ва густурдатар аз қабл шудааст.
Таҷрибаи чаҳор даҳаи гузашта низ нишон дод, ки барои таъмини манофеи қавмӣ аз мазҳаб ба унвони сарпӯши хостҳо кор гирифта шудааст. Дар дили низоми мазҳабӣ, пайравони як мазҳаб барои тасоҳуби (соҳиб шудан) курсӣ ба қавмият тақсим шудаанд, маносиби давлатӣ бар асоси қавмият тавзеъ шуда ва дар гузинишҳову бархурд бо қудрати сиёсӣ, қавмият меъёр ва арзиши таъйинкунанда будааст.
Роҳҳали ғалат бар масъалаи қавмии қудрат
Масъалаи аслии қудрат дар Афғонистон, ҳалли масъалаи қавмии қудрат аст. То замоне, ки ба ин амр пардохта нашавад, сохтори қавмии қудрат осебшиносӣ нагардад, сиёсат бар меҳвари ҳуқуқи шаҳрвандӣ таъриф нашавад, мабнои машруъият ва иқтидор, раъйи шаҳрвандон набошад ва қудратхоҳии сиёсӣ бар меъёри нухбагароӣ, шоистасолорӣ ва тахассусгароӣ сивои (ҷудо аз) нухбаҷӯйии қавмӣ анҷом нагирад, бо роҳкори ғалат, як муъзали (мушкилӣ) сиёсӣ ва мунозиъаи доимӣ ҳалпазир нест.
Мушкил асосӣ дар сиёсати Афғонистон ин аст, ки талош сурат мегирад, мунозиъаи қудратро бо тақсими қудрати қавмӣ ҳал кунад. Дар ҳоле, ки таҳаққуқи чунин амре дар асри кунунӣ имконпазир нест. Агар тақсими маносиби давлатӣ байн раҳбарони қавмӣ, роҳҳали масъалаи тавзеъи қудрат дар кишвар мебуд, дар бист соли гузашта борҳо ин фароянд ба таҷриба гирифта шуд. Аммо натанҳо натавонист машруъият ва мақбулият касб кунад, балки фурсати ҳазф ва бистари норизоиятиро амиқтар ва густурдатар низ сохт.
Масъалаи қавмии қудрат, мунозиъаи ҳамешагӣ қудрат дар Афғонистон аст. Агар ба рухдодҳои чанд даҳаи пасин нигоҳи воқеъбинона дошта бошем, дармеёбем, ки тақсими қудрат бар меҳварияти қавм бароянде ҷуз гусаст, ақибгард ва муталошӣ шудан надоштааст.
Таҷрибаи чиҳили соли пасин ҳам ба хубӣ нишон дод, ки суқути идеологияҳо дар домани қавмият ба соддагӣ иттифоқ афтодааст. Даргирии толиб алайҳи толиб дар Форёб ва даргири худӣ миёни нируҳои ин гурӯҳ дар вилоятҳое, ки муташаккил аз ақвоми мухталиф аст, намунаҳои боризи фарбеҳ будан тафаккури қавмият аст. Дар идома, нигоҳи иҷмолӣ ба низомҳое андохта шудааст, ки дар асари танишҳои қавмӣ суқут кардаанд.
Ҳизби демукротики халқ
Ҳизби демократики халқ бо шиорҳое чун «хона, либос ва нон», баробарӣ ва истиқрори ҳокимияти коргарон, соҳиби ҳаёти сиёсӣ шуд. Афрод ва нухбагон аз ақвоми мухталиф ба ин ҷараён пайвастанд, шиорҳои адолат ва бародарӣ сар доданд, мухолифони бовари сиёсии хешро маҳкум ба нобудӣ донистанд ва саранҷом низоми идеалиашон ба далели норизоятӣ, инҳисори қавмии қудрат ва гурӯҳҳои сиёсӣ, фурӯ пошид.
Ҳама раҳбарони ҷиноҳҳои чапи Афғонистон дар мусоҳибаҳо ва хотироташон далели асосӣ ва умдаи суқути ҳокимияти ин ҳизбро ихтилофоти қавмӣ унвон кардаанд. Чира шудан нигоҳи қавмӣ бар аҳдофи решаии ин ҳизб, боиси иншиоб (ҷудо шудан)-и он ба ду шоха ва дар ниҳоят суқути ҳокимияташ шуд.
Ҳукумати муҷоҳиддин
Пас аз фурӯпошии ҳокимияти ҳизби демократики халқ, муҷоҳидин бо шиори «ухувват (бародарӣ)-и исломӣ» пас аз як ҷанг тӯлонӣ зери номи дин ва ҷиҳод ба қудрат расиданд.
Бо рӯйи кор омадани ҳукумати муҷоҳидин, ки раҳбарии онро тоҷикон бар уҳда доштанд, бистари гардишу чархиш қудрат ба якборагӣ дар Афғонистон аз суннат таърихӣ хеш удул (баргашт) кард ва ин барои ҳажмуниталабии қавмият қобили қабул набуд. Ҷангҳову ихтилофот афзоиш ёфт ва ҳатто мазҳабу дин натавонистанд, ҷилави онро бигиранд. Ихтилофоти қавмӣ дар даруни ҷабаҳоти (ҷабҳаҳо) муҷоҳидин авҷ гирифт ва бисёре аз фармондеҳони муҷоҳидин якдигарро ба далели тааллуқоти қавмӣ куштанд. Ин нигоҳ сабаби ҷанги дохилӣ шуд ва саранҷом фазоро барои ҳузурӣ "Толибон" фароҳам кард.
Ҳокимияти нахусти “Толибон”
Толибон дар даҳаи 90 мелодӣ дар ҳоле бар Афғонистон мусаллат шуданд, ки мардум аз ҷангҳои дохилӣ ва қавмӣ ба сутуҳ омада буданд, миллионҳо шаҳрванд овора ва садҳо ҳазор инсон дар Кобул ва соири нуқоти кишвар кушта шуданд. Кишвар ба ҷазоири қавмӣ тақсим шуда буд. Дар чунин шароите, ҳокимияти якдаст ба рағми боварҳои ифротӣ, доруи маскан барои як «захми амиқ» талаққӣ мешуд.
Дере нагузашт, ки «афғоният ва исломият» ба сарнавишти ҷараёнҳои чапу рости пеш аз худ, мувоҷҷеҳ шуд. Дар канори вазъи маҳдудиятҳо бар занон, онон аз ҳама арзишҳои инсонӣ маҳрум шуданд ва қудрат якдаст шуд. Дар ин замон буд, ки ҷазоири қавмии қудрат афзоиш ёфт, мардум ба сӯйи раҳбарон ва арбобон раҷуъ карданд, ҳокимияти қонун ва ҳаққи шаҳрвандӣ бисоти хешро барчид ва ба ҷойи он арбобсолорӣ ва итоат аз соҳибони туфанг, замина ёфт.
Назми ҷумҳурӣ
Либерол-демукросӣ, дар қарни бистуиякум низоми идеал барои аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Мабдаъ ва мабнои онро ҳуқуқи шаҳрвандӣ, тақвияти арзишҳои ҳуқуқибашарӣ, шоистасолорӣ ва ниҳодина шудани сохторҳои қонунманд ва демукротик ташкил медиҳад.
Мардуми Афғонистон пас аз таҳаммули чандин даҳа ҷангу хунрезӣ, ба умеди пирӯзии демукросӣ ба майдон омаданд, мардумсолориро ба таҷриба гирифтанд ва бо қиммати қатъи дасту гарданашон, демукросиро тамрин карданд. Шаҳрвандон бо ҳазорон умед ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.
Аммо тавзеъи қудрат бар меъёри ҳамон суннати куҳан сурат гирифт. Арбобон ва соҳибон зӯру зар бар меҳвари пӯстини пусидаи гузашта хайма заданд, бо ҳимоят аз тамомиятхоҳӣ ва тамаркузи қудрат, соҳиби луқмаи нон шуданд ва ҳар замоне, ки аз ин неъматҳо маҳрум гардиданд, даст ба эътироз заданд ва сипас ба курсӣ дил бастанд. Ин суннати нописанди сиёсӣ то фурӯпоши комили низоми ҷумҳурият идома дошт.
Ҷумҳурият дар давраи Ашраф Ғанӣ, ба ҷумҳурияти се нафара (тамоми тасмимҳо дар миёни се нафар Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб – мушовири амнияти миллияш ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ, раиси умумии идораи умури раёсатҷумҳурӣ - АП) тақлил (андак кардан) пайдо кард.
Мардум аз ҳимояти чунин низоме дилсард шуданд. Чун рафтори ин ҷумҳурият ва мувоҷиҳаи он бо мардум тафовуте бо шоҳии муталлақа надошт. Инҳисорталабӣ, такрӯйӣ ва гузинишҳои ба шиддат қавмӣ, боис шуд, ки якбори дигар замина барои ҳузури толибон фароҳам шавад ва Афғонистон шоҳиди фурӯпошии бесобиқа дар ҳама арсаҳо бошад.
Зуҳури муҷаддади Толибон
Толибон дар ҳастаи раҳбарӣ ва тасмимгирӣ, як гурӯҳ қавмӣ ҳастанд. Таркиби кобинаи ҳукумати сарпараст онон, намунаи возеҳ ин муддао аст ва ниёзе ба мустанадсозӣ надорад. Аз раисулвузаро то сутуҳи поинӣ, аз як одрас ҳастанд. Онон мушорикатро чун суннати гузашта бар супурдани чанд мансаби давлатӣ ба соири ақвом, маъно мекунанд.
Дар ҳоле, ки амалан мардум шоҳиди эҷод шикофҳои қавмӣ бар асоси тавзеи маносиби давлатӣ ҳастанд ва чунин таомулро ҷуз ҳадар рафтани энержӣ ва ақибгард чизи дигаре ба шумор намеоваранд.
Толибон бо шиорҳое чун ухуввати исломӣ, бародарии динӣ ва исломияту афғоният ба саҳна омаданд. Аммо таҷрибаи ҳукумати чаҳоруниммоҳаи онон нишон медиҳад, ки натавонистаанд аз асабиятҳои қавмӣ бигузаранд ва ба бародархоҳии динии хеш пойбанд бошанд. Дар миёни суфуфи онон тақсими манобеъ ба худӣ ва ғайрхудӣ сурат мегирад ва ин нигоҳ дар лояҳои мухталифи ин гуруҳ вуҷуд дорад.
Аз ҳамин рӯ, ба рағми сарпӯш гузоштани ин хост, аз кӯра дар мераванд ва даст ба иқдомоти қавммеҳварона мезананд. Боздошти як фармондеҳи ӯзбактаборшон, ки солҳои зиёд алайҳи нируҳои давлати пешин дар вилоёти шимол ҷангидааст, танҳо дар зайли «ғайрпиндор»-и Толибон қобил ҷамъ аст.
Дар воқеъ амалкардҳои пасини толибон ва навъи мувоҷиҳҳаашон бо афроде, ки дар суфуфашон солҳо ҷангидааст, нишон медиҳад, ки бовари мазҳабӣ бар боварӣ қавми чира шуда наметавонад.
Бинобарин, роҳе ҷуз тавзеи қудрат ва эҷод як низом ғайримутамаркиз ва «ҳалли одилонаи масъалаи қавмии қудрат» дар Афғонистон нест.
Тавзеи қудрат ба сурати уфуқӣ
Тавзеи қудрат ба сурати амудии он дар ҷомеаи мутакассири (сермиллат) Афғонистон, ҳамвора чолишофарин будааст. Мардум дар қудрат нодида гирифта шуданд ва ин амр боиси ҳарҷумарҷ ва сарнагуни низомҳои мутааддид шудааст. Аз ҳамин рӯ, бидуни тавзеи уфуқии қудрат, наметавон норизоятӣ ва беэътимоди мардумро нисбат ба қудрат бартараф кард.
Тавзеъ қудрат ба сурат амудӣ, тамаркуз дар салоҳиятҳои идорӣ, муқаррариҳо ва дигар бахшҳо, бистарро барои худкомагӣ, такруйӣ ва фасод фароҳам мекунад. Чизе, ки дар бист сол гузашта мардум шоҳиди он буданд. Сайтараи марказ бар тамоми умури ҳукуматҳои маҳаллӣ муъҷиб мешавад, ки давлати маркази ба унвони як ниҳоди ба шиддат муттамаркиз ва ғайримардумӣ амал кунад, ҳуқуқи шаҳрвандиро нодида бигирад ва воқеиятҳои ҷомеаи сиёсӣ ва фарҳангиро дар назар нагирад.
Тавзеи қудрат ба сурати уфуқӣ, бистари ҳукмронии хубро мусоид месозад. Чун тафвизи (вогузорӣ) ихтиёр аз тариқ вогузории масъулият ба сохторҳои маҳаллӣ, ба таҳаққуқи ҳокимияти қонун кумак мекунад, ҳамёрии ниҳоди маҳаллиро дар даруни давлат тақвият мебахшад ва эътимоду эътибор қонуниро густариш медиҳад. Дар воқеъ тавзеи қудрат ба сурати уфуқӣ, намуде аз тавсеа ва булуғ дар ҷомеаи пешрафта аст ва адам тамаркуз дар салоҳияти сиёсӣ ва қонунгузорӣ сабаб мешавад, ки ниҳодҳои маҳаллӣ битавонанд хости шаҳрвандонро пӯшиш диҳанд, мушорикати ононро мусоид бисозанд ва ризояти умумиро ба миён биоваранд.
Натиҷагирӣ
Унсури қавмият ва қабила пояи қудрати сиёсӣ дар Афғонистон аст. Дар бист соли гузашта ин поя қавитар гашт, ниёзҳои дунёи мудерн канор гузошта шуд, тавзеи қудрат бар меъёри қавмият сурат гирифт, маносиби давлатӣ дар миёни раҳбарони қавмӣ тақсим шуд, машруъияти шаҳрвандӣ ба миён наомад, иқтидори қудрати сиёсӣ маънои воқеии хешро пайдо накард ва он чи дар иҷлоси Бун тавофуқ шуд, низ тақсими қудрат бар асоси силсиламаротиби қавмӣ буд.
Тавзеи қудрат аз тариқ ниҳодҳо сурат нагирифт. Балки қудрат миёни раҳбарони қавмӣ тақсим шуд. Сохтори қудрати сиёсӣ бар меъёри қавмӣ анҷом шуд. Дар ҳоле, ки мардумсолорӣ, нақши мардум дар раванди тавзеи қудрат ва машруият дар Афғонистон нисбат ба бисёре аз кишварҳои минтақа таърихи дарозтаре дорад.
Аммо ба далели шакл нагирифтан сохторе, ки мушорикати сиёсии гуруҳҳои иҷтимоӣ ва қавмиро дар иқтидор тазмин кунад, сафари мардумсолорӣ ва машрутият ҳамвора бо гусаст ва ақибгард рӯбарӯ буда, чун танаввуи қавмӣ ва касрати ҷомеаи Афғонистон дар назар гирифта нашудааст.
Рӯйкарди инҳисори қавмии қудрат ва ҳокимияти такқавмӣ ва шадидан мутамаркиз дар ҷомеаи мутакассири Афғонистон, далели умдаи ақибгардиҳо хонда шудааст. То замоне, ки сохторҳои ҳамашмули мубтанӣ бар иродаи мардум ба миён наёянд, ҷанг мумтад (давомдор) ва бепоёне, ки ҳанӯз поёни он мутасаввир нест, ҳамчунон идома хоҳад дошт ва мардум бисоти шодмонӣ ва зиндагӣ дар рифоҳу осоишро ҳаргиз паҳн нахоҳанд кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Россия вдвое сократила количество разрешений на проживание иностранцев на 2025 год
Таджикистан нарастил поставки агропродукции в Россию на 30%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 октября 2024 года
Любовь к детям и страсть к ледникам. Кто она, учитель года 2024 в Таджикистане?
Россия ратифицировала соглашение о создании в Таджикистане центра для одаренных детей
USAID поддержал организацию Startupstan Summit 2024 в Душанбе
Войска ОДКБ отработают уничтожение вторгшихся извне боевиков на учениях «Рубеж-2024» в Таджикистане
Эмомали Рахмон запустил в ГБАО новые ЛЭП
Госдума РФ приняла закон, сделавший бессмысленными фиктивные браки иностранцев с россиянами
«Мама больше не кричит во сне». Как Рухшоне удалось вырваться из насилия в семье и вернуть троих детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста