Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико аз маҳви раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Байден дар як паёми телевизионӣ гуфтааст: "Адолат барқарор шуда, ин раҳбари террористон дигар нест. Мо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунем."

Ба гуфтаи ӯ, дар аввали соли ҷорӣ макони будубоши Завоҳирӣ ба ниҳодҳои истихборотии Амрико маълум шудааст.

"Ӯ дар куштор ва хушунат алайҳи шаҳрвандони Амрико, низомиёни амрикоӣ, дипломатҳои амрикоӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои Амрико даст дорад”, - илова кардааст Байден.

Дар брифинги махсус сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба манзиле дар пойтахти Афғонистон, ки Завоҳирӣ вақтҳои охир пинҳон шуда буд, зарбаи дақиқ анҷом дода шуд.

Ӯ  илова кардааст: "Чанд моҳ боварии мо ба он ки Завоҳирӣ дар ин макон дар Кобул буд, қавӣ шуд. Муддати тӯлонӣ мо Завоҳириро дар балкон мушоҳида кардем, ки дар ниҳоят ӯ мавриди зарба қарор гирифт."

Ба гуфтаи вай, ду мушаки Hellfire аз ҳавопаймои бесарнишин партоб шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла хешовандони Завоҳирӣ, ки дар хона буданд ва ҳам мардуми осоиштаи гирду атроф осеб надидаанд.

Амалиёти вижа алайҳи Завоҳирӣ нахустин ҳамлаи Амрико алайҳи “Ал-Қоида” дар Афғонистон пас аз хурӯҷи нирӯҳои Амрико дар моҳи августи соли гузашта буд.

Завоҳирӣ созмондиҳандаи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида шинохта шуда ва аз он замон дар фирор буд.

Пас аз кушта шудани Усома бин Лодин дар Покистон дар соли 2011 ҳамчунин дар натиҷаи як амалиёти вижаи Амрико, ӯ “Ал-Қоида”-ро раҳбарӣ мекард.

Усома бин Лодин ва Айман Аз-Завоҳирӣ
Сурат: Reuters

ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши Завоҳирӣ 25 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон амалиёти Амрикоро нрияо накардани принсипҳои байналмилалӣ номид.

"Чунин амалҳо такрори таҷрибаи бади 20 соли ахир буда, мухолифи манофеи Амрико, Афғонистон ва тамоми минтақа аст", - гуфтааст ӯ.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Толибон пас аз ба даст овардани қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ба Завоҳирӣ паноҳандагӣ додаанд ё на.

Кохи Сафед гуфтааст, ки мақомоти баландпояи Толибон огаҳ буданд, ки раҳбари “Ал-Қоида” дар Кобул пинҳон шудааст.

Як мақоми давлат ба хабарнигорон гуфтааст, ҳузури Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон як нақзи ошкори созишномаи соли 2020 аст, ки дар он Толибон ваъда дода буданд, ки Афғонистонро аз як паноҳгоҳи амн барои терроризми байналмилалӣ пешгирӣ мекунанд.

"Мо интизорем, ки онҳо ба шартҳои созишномаи имзошуда дар Давҳа пойбанд бимонанд ва ҳузури Завоҳирӣ дар маркази шаҳри Кобул ошкоро риоя накардани ин шартҳо буд",- иброз доштааст ӯ. - Ба даъвати Толибон ба масъулият идома медиҳем".

Ҷо Байден дар паёми худ гуфт, ки ниҳодҳои истихборотии Амрико намояндагони Толибонро аз амалиёти дарпешистода ҳушдор надода буданд, аммо дар баробари ин, ИМА ба ҳамкориҳои минбаъда бо мақомоти нави Афғонистон умедвор аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.