Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер вориди даргирии шадид гардидаанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии “Aamaj News”.

Тибқи иттилои ин расона, субҳи имрӯз, 24 август даргирӣ дар вулусволии Хинҷ шиддат гирифт ва Толибон* бо истифода аз чархболҳо талош доранд мавзеъҳояшонро тақвият бахшанд.

Дар хусуси талафоти ҷонии ҷонибҳо то кунун маълумоти мушаххас дастрас нест.

Ба гузориши агентии иттилоотии мазкур даргирӣ ба думболи асир гирифтани шуморе аз ҷангҷуёни Толибон* аз сӯйи муқоваматгарони ҷабҳа дар Панҷшер иттифоқ афтодааст ва Толибон талош доранд ҳадди ақал ҷасади ҷангҷӯёнашонро аз кӯҳҳои Хинҷ дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки шаби гузашта дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамат ба як постгоҳи Толибон* дар вилояти Кописо се толиб кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ҳанӯз дар мавриди ин ҳамла чизе нагуфтаанд. Онҳо ҳамвора даргириҳо дар Панҷшер рад мекунанд ва иддао доранд, ки дар ин минтақа ҳеҷ як нерӯи муқовиматгар вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзе пеш роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин карда буд.

Тибқи ин фармон Мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон ва Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.