Пас аз марги Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар, иҷрокунандагони ин ду маснад муайян гардиданд.
Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раиси ҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи президенти Эрон шуд. Тибқи қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сурати марги раисҷумҳури ин кишвар ё пеш омадани воқеаи дигаре ба сари ӯ, ки дар натиҷаи он натавонад то беш аз ду моҳ ба сари вазифаи худ баргардад, муовини аввали раисҷумҳур масъулиятҳои ӯро бар уҳда мегирад.
Айни ҳол вазифаи муовини аввали раисҷумҳурро дар Эрон Муҳаммад Мухбир бар дӯш дорад. Ин ба он маъност, ки акнун Мухаббир ҷаласаҳои ҳайати давлати Эронро, ки рӯзҳои якшанбе ва чаҳоршанбе баргузор мешаванд, роҳбарӣ хоҳад кард.
Алӣ Боқирӣ, ёвари вазири корҳои хориҷӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Эрон таъин гардид.
Ҳамакнун, тибқи қонуни асосии Эрон ҳайати муташаккили давлатӣ иборат аз раиси маҷлис, раиси қувваи қазоия ва муовини аввали раиси ҷумҳур муваззафанд, ки ҳадди аксар дар зарфи 50 рӯз интихоботи раиси ҷумҳури ҷадидро баргузор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд. Ба кофтуков шароити номусоиди обу хаво халал мерасонад.
Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.
Уроженка Душанбе представит Таджикистан на конкурсе Шопена
17-летний сын главы Чечни стал секретарем Совбеза республики
Как прошло открытие Wildberries в Таджикистане?
Freedom Bank Tajikistan стал профессиональным участником рынка ценных бумаг Таджикистана
СМИ: Россия и Китай обходят вторичные санкции с помощью закрытой банковской системы
В Кыргызстане арестовали сотрудницу Русского дома. Ее подозревают в вербовке наемников
Власти Таджикистана выделят из бюджета дополнительные деньги на строительство правительственных объектов
За что российские силовики убили трех таджикских мигрантов?
Детским бракам – нет. ВОЗ выпустила рекомендации по предотвращению подростковой беременности
В Узбекистане будет создан Центр подготовки граждан к работе за рубежом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста