Тоҷикистон бояд ба ҳама меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқи талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Сохторҳои сусти давлатӣ ҳукуматеро ба миён меоранд, ки дар он манфиатҳои шахсӣ аз болои беҳдошти ҷомеа ғолиб мебароянд.

Соли гузашта бо дастгирии Маркази идоракунӣ дар Осло лоиҳаи «Баҳодиҳии хавфи фасодкорӣ дар соҳаи таъмини об» огоз гардид.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар ба даст омадани Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола мебошад, ки дар Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии мубориза бо фасодкорӣ муайян шудаанд. Лоиҳа ду самти асосӣ дорад:

- Муайян намудани осебпазирӣ нисбат ба хулқи хуб дар идораи об, ки ҳамкориро аз болои раванди иштироки фаъоли муҳокимаҳо бо идораҳои давлатие, ки аз болои сектори об назорат мебаранд ё бо он ҳамкорӣ мекунанд, инчунин ҷалби дигар шарикон, ки барои баҳодиҳии умумии соҳаи об мусоидат мекунанд.

- Дастгирии Ҳукумати ҶТ дар коркарди Нақшаи амалии аз байн бурдани ҷойҳои сусти система дар сектори об, ки дар асоси таҳлили пурраи соҳа ба миён меоянд. Дар мувофиқа бо он, нақшаи ҷузъӣ кор карда баромада мешавад, ки самтҳои қадам ба қадамии аз байн бурдани ҷойҳои сусти система, ки барои ба амал омадани фасодкорӣ оварда мерасонанд.

Дар ин замина, лоиҳа ба натиҷаҳои муайян ноил гардидааст. Яке аз равандҳои муҳими ин самт - муҳокима ва ба даст омадани иҷозат аз тарафи вазорат ва идораҳои дахлдоре мебошад, ки соҳаи обро назорат мебаранд. Бо ин тариқ, Вазорати мелиоратсия ва об, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодкории кишвар, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи улум, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва коршиносони мустақили ватанӣ барои иҷроиши тадқиқоти мазкур ҷалб шудаанд.

Дар давоми фаъолият, лоиҳа бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ барои баланд бардоштани дараҷаи донишҳои тахассусӣ ва таҷрибаи шарикон дар гузаронидани чунин тадқиқот мусоидат намудааст.

Ҳамин тарз, дар доираи лоиҳа ду гурӯҳ – Шӯрои машваратӣ ва гурӯҳи тадқиқотӣ ташкил шудаанд.

Яке аз лаҳзаҳои асосии тамоми фаъолияти лоиҳа барои иҷрои чунин иқдом, ҷалб намудани ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ мебошад. Дастгирӣ ва хоҳиши мубориза бурдан бо коррупсия ё бетарафӣ ба чунин зуҳурот дар амалишавии сиёсати зидди фасоди мамлакат нақши муҳим мебозад.

Зарина Ҷ ӯраева , ассистенти лои ҳ аи «Такмили системаи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТСИД)