Таъмири асосии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №34-и деҳаи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Ташаббуси коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон” аз ҷониби Барномаи Рушди Ҷомеаи СММ бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Ҷопон ба анҷом расонида шуд.

“Бинои мактаби мо солҳои 1980 сохта шуда, ҳамчун Маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуда буд. Баъдан, то соли 1994 ҳамчун бинои маъмурии совхоз истифода мешуд. Аз рӯзи сохта шуданаш то ба ин рӯз бино рӯи таъмири асосиро надида буд”- иброз дошт мудири мактаби мазкур Саймуҳаммад Саидов.

Соли 2004 баъди зиёд гаштани шумораи бошандагони деҳа аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ аз минтақаи Кӯлоб, мактаб ҳамчун таълимгоҳи таҳсилоти асосӣ (то синфи 9) созмон дода шуда, аз оғози соли 2007 боз ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ табдил дода шуд.

Ҳоло дар мактаб 13 нафар омӯзгор ба 260 нафар талаба (145 нафарашон духтарон) таълим медиҳанд.

Низоъҳои дохилии солҳои 90-ум дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи илму маориф низ бетаъсир намонд. Чуноне ки омӯзгор ва ҳамзамон, модари чаҳор хонандаи мактаби №34 Мӯътабар Орипова қайд кард, дар он солҳо қисман шифт, фарш, дару тирезаҳои мактаб вайрону валангор гардида, мавҷуд набудани имконияти таъмир биноро ба фарсудагӣ оварда расонид. Ин омилҳо боиси паст шудани сатҳи таълим ва донишандӯзии толибилмон гардид. Давомоти иштироки хонандагон, алалхусус – духтарон, хеле паст рафта, ҳатто ҳолатҳои тамоман аз таҳсил даст кашидани духтарони синфҳои болоӣ мушоҳида мешуд. Фаъолияти омӯзгории муаллимон дар шароити номукаммали таълимӣ тоқатфарсо гашта буд.

Бо истифода аз масолеҳ ва технологияи муосир таъмир гаштани бом ва фарши бино, сабти дару тирезаҳои пластикӣ ҳамчун як қисми таъмири асосӣ арзёбӣ мегардад. Таъмини мактаб бо мизу курсӣ барои беҳдошти шароити таҳсил ва кушодашавии синфи компютерӣ барои омӯзиши технологияи муосири информатсионӣ ба хонандагон кӯмак хоҳад кард.

Акнун таълимгоҳ дорои шароити хуби донишомӯзии толибилмон ва

фаъолияти кори пурсамари омӯзгорони деҳот гардида, имрӯзҳо аз он зиёда аз 110 хонаводаи маҳал бо шумораи умумии 813 нафар баҳра мебаранд. Ба қавли мудири мактаб Саидов , “Беҳдошти соҳаи таълим барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди ҷомеаи маҳал замина хоҳад гузошт. Мактаб даргоҳи маърифат мебошад ва таъмири асосии он, фароҳам сохтани шароити хуби омӯзиш, иштироки фаъоли толибилмон ба дарсҳо шумораи хонандагонро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо зиёд мекунад. Дар баробари гирифтани маълумот, масъалаи бо кор таъмин гаштан роҳҳи ҳалли худро дар оянда пайдо хоҳад кард ва хонандагони мо барои рушду такомули вазъи иҷтимоии худ ва ҷомеа саҳм хоҳанд гузошт”. Ба андешаи мавсуф, баъд аз фароҳам овардани муҳити беҳтари таълимӣ, мушкилиҳои таҳсили хонандагон дар мавсими сармо роҳи ҳалли худро пайдо карда, сифати таълим новобаста аз камбудии маводҳои таълимӣ ва нарасидани омӯзгорони фанҳои алоҳида беҳтар гардид. Маҳз азнавсозии мактаб ба 260 нафар толибилмони деҳоти дурдасти кишвар имкон дод, ки соҳиби синфхонаҳои зебою барҳаво гарданд ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ ҳамарӯза бо дили гарм сӯи таълимгоҳ шитобанд.

- Боиси қаноатмандист, ки дар таъмири мактаб аз маводи сохтумонии маҳаллӣ истифода шуда, зиёда аз 30 нафар коргарон - бошандагони деҳаи Қарадум ба кори муваққатӣ ҷалб гашта, вазъи иқтисодии оилаҳои худро то андозае беҳтар гардониданд, - мегуяд Сайфиддин Вайсиддинов, раиси кумитаи маҳаллии деҳаи Қарадум.

Акнун мактаб бо намуди зебояш ҳамчунин маркази баргузории вохӯрию ҷамъомад ва дигар чорабиниҳои фарҳангии мардуми маҳал гашта, волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон диққати бештар медиҳанд.

БО МУСОИДАТИ  БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД