Мусоҳиба бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеди Давлатзод.
- Банақшагирии рушд дар сатҳи маҳал, ки натиҷаи ҳамкории Вазорат ва БР СММ мебошад, чӣ натиҷа овард?
- Солҳои охир барои амалӣ кардани равандҳои рушд дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом дода истодааст, ки ҳадафи он беҳтар гаштани сифати зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи маҳал мебошад. Дар ин радиф, солҳои охир Вазорат дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати банақшагирӣ дар сатҳи маҳал корҳои назаррасеро ба сомон расонид. Яке аз натиҷаҳои хуби ҳамкории Вазорат бо БР СММ дар панҷ соли охир, ин тарҳрезӣ намудани барномаҳои рушд дар сатҳи маҳал тавассути лоиҳаи «Иқтидори маҳаллию минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет» буд, ки дар доираи он дар 15 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Конибодом, Турсунзода, Рӯдакӣ, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод ва Ҷ. Румӣ) барномаҳои рушд таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳо қабул гардиданд.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ тавассути барномаҳо аз рӯи лоиҳаҳои афзалиятнок маблағгузории Барномаи рушди СММ оғоз гардида, дар давоми солҳои 2009-2011 дар доираи лоиҳаи “Иқтидори маҳаллию минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет» зиёда аз 1560,0 ҳазор доллари ИМА корҳои сохтмонию барқарорсозӣ ба сомон расонида шуд.
Умуман, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида 1860 лоиҳаи мухталиф ба маблағи 2233,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки дар давоми солҳои 2009-2011 зиёда аз 663 адад лоиҳа ба маблағи 649,1 млн. сомонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инфрасохтор ва экология мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, шурӯъ аз соли 2010 Вазорат бо БР СММ дар доираи лоиҳаи «Мукаммалсозии раванди татбиқи Стратегияи Миллии Рушд/СТР /Стратегияи паст кардани сатхи камбизоати/СПКСК, мониторинг ва арзёбии он”, лоиҳаи “Барномаи рушди иқтисодии деҳот” ки дар хамкори бо DFID ва GIZ ичро мешавад ва Барномаи ТАПРИ (TAPRI) - “Ташаббуси Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ” ҳамкорӣ дорад. Айни ҳол, дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди иқтисоди деҳот”, ки дар вилояти Суғд фаъолият дорад, дар 14 ноҳия ва 35 ҷамоати вилояти Суғд барнома ва нақшаҳои рушд дар асоси Дастурамали методӣ тарҳрезӣ ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул гардиданд. Ҳоло дар 30 ҷамоати деҳот нақшаҳои рушд мавриди таҳия қарор доранд. Ҷиҳати татбиқи барномаҳо “Фонди боварӣ” таъсис дода шудааст, ки тавассути он барои лоиҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби БР СММ 700,0 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардида, дар соли ҷорӣ низ ба ин мақсад 1,400,0 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда мешавад.
Дар доираи Барномаи «Ташаббуси Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ», ки бо кӯмаки грантии Ҳукумати Ҷопон дар 6 ноҳияҳои таҷрибавӣ (Қабодиён, Ҷиликӯл, Қумсангир, Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯробод) амалӣ мешавад, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ тарҳрезӣ гардида, дар Маҷлиси вакилони халқии ноҳияҳои номбурда қабул гардиданд.
Умуман, соли 2011 дар доираи барномаи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок зиёда аз 558,4 ҳазор доллари ИМА корҳо ба сомон расонида шуд.
- То кадом андоза ба нақшагирии сатҳи маҳал бо дурнамоҳои рушди сатҳи миллӣ алоқаманд аст?
- Нақшаи рушди маҳал, ки дар асоси модули ягона таҳия мегардад, бо барномаҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати рушди иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хадафхои Рушди Хазорсола/ҲРҲ, СМР, СПКСК, барномаҳои соҳавию минтақавӣ, дурнамо) мутобиқ гардонида мешавад. Воқеан ҳам яке аз принсипҳо дар таҳияи нақшаи рушди маҳал - ин ба асос гирифтани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии шаҳру ноҳия мебошад. Нақша бояд тамоми секторҳои рушди ноҳияро, ки дар ин ё он сатҳ ба масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи нишондиҳандаҳои дурнамо равона шудааст, фаро гирад. Ҳамзамон нақшаи рушди маҳал бояд тамоми барномаҳо ва чорабиниҳоеро, ки дар маҳал татбиқ мегарданд, аз ҷумла тавассути буҷети давлатӣ, маблағҳои ташкилотҳои сармоягузор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармоягузорони хусусӣ ва дигар сармояи шарикони рушдро инъикос намояд.
Феълан, дар ҳамаи барномаҳои рушд нишондиҳандаҳои асосии дурнамо воқеъбинона таҳлил гардида, вобаста ба хусусияти хоси ин ё он минтақа аз рӯи иқтидорҳои маҳаллӣ дохил гардидаанд. Чунончи дар 14 шаҳру ноҳия ва 65 ҷамоати деҳоти вилояти Суғд барнома ва нақшаҳои рушд дар асоси нишондиҳандаҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои соли 2013 ва меъёрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2014-2015 мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
- Оё Дастурамал оиди банақшагирии рушди маҳал ба тамоми кишвар паҳн мегардад?
- Вазорат ҷиҳати сифатнок таҳия намудани барнома соли 2009 дар ҳамкорӣ бо БРСММ «Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди минтақаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, бо теъдоди 1500 нусха аз чоп баровард, ки дар он тарзу усули ягонаи таҳияи барномаҳои рушди минтақавӣ бо тақозои тарзу усули барномарезии ҷаҳони муосир нишон дода шудааст. Дастури мазкур ба масъулини сохторҳои мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати дар оянда истифода ва бо сифати баланд тарҳрезӣ намудани барномаҳои рушди ноҳиявӣ дастрас гардонида шуд.
Айни ҳол, Вазорат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони БР СММ дар асоси талаботҳои имрӯза Дастури методиро ҳам барои шаҳру ноҳияҳо ва ҳам барои мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мукаммал карда истодааст. Вазорат тасмим гирифтааст, ки дар охирҳои моҳи май бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва шарикони рушд (донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ) дар мизи мудаввар Дастури методиро ба муҳокима гузорад ва пас аз он, бо назардошти эроду дархостҳои пешниҳодшуда, онро такмил дода, барои баррасӣ ва қабул ба Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо манзур намояд.
- Чӣ корҳоро дар ин самт иҷро намудан лозим аст, ки ин ташаббус барои рушди маҳал манфиати бештаре орад?
- Гарчанд дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шуда бошанд ҳам, вале мушкилоте боқӣ мондааст, ки ҳаллу фасли онҳо метавонад ба рушди минбаъдаи маҳал мусоидат намояд. Аввалан, қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо то ба имрӯз барнома ва нақшаи рушди худро надоранд. Воқеан, аз 70 шаҳру ноҳия дар маҷмӯъ, ҳамагӣ 30 шаҳру ноҳия (42,8%) ва аз 426 шаҳраку деҳоти кишвар 66 шаҳраку деҳот (15,5%) барнома ва нақшаҳои худро доранду халос. Масалан, агар вилояти Суғд аз 18 шаҳру ноҳия, дар 14 –тоаш барнома дошта бошанд, ВМКБ дар ягон ноҳияаш барнома надорад.
Дар мадди аввал, барои рушди маҳал лозим аст, ки ҳамкориро бо ташкилотҳои мададрасон, бахусус, БР СММ ҷоннок намуда, дар алоқамандӣ бо онҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо ин иқдомро идома диҳад.
Ҳамчунин, амалисозии чорабиниҳои зерин, аз қабили мустаҳкам намудани сохтори маҳаллӣ ва ба танзим даровадани онҳо; берун аз кишвар тайёр намудани кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони сохторҳои маҳаллӣ; беҳтар намудани дастрасии мутахассисони маҳаллӣ бо шабакаи интернет; мукаммал намудани низоми мониторинг ва арзёбии барномаҳо дар сатҳи маҳал ва тайёр намудани мутахассисон барои ин соҳа; дуруст ва оқилона истифода бурдани захираҳои дохилӣ барои татбиқи барнома; ба роҳ мондани ҳисоботи раисони шаҳру ноҳия оид ба рафти иҷрои барномаҳои рушд; тартиб додани буҷети маҳаллӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва равона намудани даромади барзиёди буҷа барои таъмини лоиҳаҳои афзалиятноки барномаи рушди минтақа; таъсис додани “Фонди рушд” барои иҷрои барномаҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо; тавассути ВАО муаррифӣ намудани барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо лозим аст.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД
Новогодние направления для отдыха на море и шоппинга в 2024 году
Smart-освещение, многофункциональная мебель и никакого блеска: тренды интерьерного дизайна
Как выплачиваются декретные и пособия по уходу за ребенком в Таджикистане?
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста