Дар шумораи гузашта, «Ҳамкорӣ» оид ба таҷрибаи идораи маҳаллӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, саҳеҳтараш оид ба амалияи беҳтарин ва роҳҳои ноил гаштан ба пешрафт ҷиҳати рушди маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ нақл карда буд. Ин навбат мо ба шумо оид ба таҷрибаи рушд дар сатҳи маҳал ва усулҳои истифодашаванда дар ҷамоаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки қисми таркибии гурӯҳи мақсаднок дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ  « Ташаббуси Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ба шумор мерафт ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда буд, нақл мекунем.

Бахши асосии лоиҳа дар Афғонистон кор бо ҷамоаҳои маҳаллӣ оид ба муайян кардани мушкилоти сатҳи маҳаллӣ ва банақшагирии якҷоя ба ҳисоб мерафт, ки он аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии фаронсавии ACTED (Агентӣ оид ба кӯмаки техникӣ ва рушд) амалӣ гардид.

Тавре роҳбари АСТЕD дар Тоҷикистон Раъно Мансурова гуфт, ин бахш пурқувват кардани иқтидори мақомоти маҳаллии худидоракуниро дар сатҳи ҷамоаҳо ва устувор намудани робитаи байни ҷамоаҳо ва мақомоти давлатиро дар сатҳи ҷамоатҳо ва ҳукуматҳо дар назар дошт.

Умуман, бояд таъкид кард, ки дар доираи лоиҳа фаъолият дар ду самт амалӣ карда шуд: аввал - муҳайё кардани имконияти васеътар ва шароит ҷиҳати рушди иқтисодӣ, кам намудани қашшоқӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ дар маҳалҳои аҳолинишини наздимарзӣ; дуввум- болобурди инфрасохторҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ ва иқтидори ҷамоаҳои маҳаллӣ, мақомоти ҳокимият ва ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат. Бояд гуфт, ки дар Афғонистон лоиҳа дар ноҳияҳои Дарқад ва Янгиқалъаи вилояти Тахор татбиқ карда шуд.

Дар деҳаҳои Афғонистон, чун дар ҷамоатҳои Тоҷикистон, нақшаҳои рушд, муайян кардани бартариятҳо, мушкилот ва кӯшишҳо ҷиҳати бартараф кардани онҳо, ба ҳисоб гирифтани талаботи ҷамоаҳои маҳалро дар назар дорад, ки чун қоида, ба беҳтар гардидани рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, ҳангоми кор дар 10 деҳаи ноҳияи Янгиқалъа ва 5 деҳаи ноҳияи Дарқад 15 нақшаи рушди деҳот тартиб дода шуд. Дар давраи татбиқи лоиҳаи TAPRI ҳамаи нақшаҳо аз рӯи услуби “муносибати якҷоя” таҳия гардиданд, ки иштироки ҳамаи қишрҳои ҷомеъаро ифода мекунад. Таҳияи нақшаҳои рушди деҳот дастоварди муҳим барои сокинони минтақаҳое гардид, ки аз вазъи ноором дар азоб мебошанд, чунки мақомоти маҳаллии ҳокимият имкони муҳайё кардани хидматрасонии лозимиро надоранд.

ACTED бартараф кардани ин мушкилотро мақсади худ қарор дод ва қадами нахустин дар ин раванд кор бо ҷамоаҳои рушди деҳа ва гузаронидани семинар таҳти унвони “Аз ёрии башардӯстона ба рушди устувор” буд, ки дар натиҷаи он ҷамоаҳои рушди деҳа ҷараёни барқарор кардани ҳамкориҳои самаранок, инчунин муайян кардани бартариятҳои дарозмуддатро омӯхтанд. Бо ёрии нақшаҳои рушди деҳот, ҷамоаҳои рушди деҳа мустақилияти комили молиявии деҳаҳои худро ба даст оварданд, ки тибқи Барномаи миллии ҳамдилӣ ва Ташаббуси миллии ҳукумат, барои барқарор кардан ва рушди қариб 5 000 деҳа дар Афғонистон равона гардидааст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки комёбии раванди лоиҳа ва баҳодиҳии он аз иштироки ҷамоаҳои деҳот баъди анҷоми он вобаста аст. Масалан, бори нахуст аз ҷониби ҷамоаҳои рушди деҳа дар деҳаҳо оид ба муайян кардани мушкилот ва норасоиҳо дар рушд тадқиқот анҷом дода шуд. Дар натиҷаи бозпурсӣ, мутахассисони лоиҳа тавонистанд, ки нақшаи пурраи деҳаҳоро бо маълумоти муфассали демографӣ тартиб диҳанд ва он имкон медиҳад, ки захираҳо ва имконоти мавҷуда муайян карда шаванд. Қадами баъдӣ дар ин раванд - ворид кардани ин мушкилот ба нақшаи рушди деҳот ба шумор мерафт. Қайд кардан лозим аст, ки бо кӯмаки мутахассисони ҷамоаҳои рушди деҳа дар Афғонистон принсипҳои дар кумитаҳои маҳаллии Тоҷикистон истифодашавандаро (шӯроҳои маҳаллие, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони дин кор мекунанд ва шарт нест, ки онҳо узви ташкилоти динӣ бошанд) самаранок истифода мебаранд ва ин омил яке аз омилҳои асосии комёбиҳо дар нақшаи таҳияшавандаи рушди деҳот дар 10 деҳаи Янгиқалъа ва 5 деҳаи Дарқад ҳисоб меёфт.

Новобаста аз дастовардҳое, ки дар боло қайд шуданд ва ба комёбиҳо дар самти табодули байналмиллалӣ нигоҳ накарда, ҳоло дар пеш кор зиёд аст. Фаъолияти оянда ҷиҳати дастгирии равандҳо оид ба рушди маҳаллӣ ва ҷалби бештари соҳаҳои ҷамъиятӣ ба ин раванд, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон дар назар аст.

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД