Аксари давлатҳои минтақаи Осиё ба хатари офатҳои табиӣ рӯ ба рӯянд. Вобаста ба ин, яке аз бахшҳои лоиҳаи «Ташаббуси Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» (TAPRI), ки аз ҷониби СММ бо сармояи Ҳукумати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмиллалии “Миссияи Шарқ” татбиқ мегардад, кам кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба шумор меравад.

Лоиҳаи «Ташаббуси Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ҷанбаҳои гуногуни рушди иқтисодиро фарогир аст, аммо вазифаи ташкилоти “Миссияи Шарқ” дастгирии лоиҳа дар самти кам кардани хатари офатҳои табиӣ буд. Ин кори хеле муҳим буд, чунки Тоҷикистону Афғонистон дар минтақа кишварҳоеанд, ки бештар аз ҳама аз офатҳои табиӣ осебпазиранд. Тибқи маълумоти Ҳисоботи байналмиллалии хатарҳо дар соли 2011 дар миёни 269 давлати дунё Афғонистон дар ҷои 15-ум, Тоҷикистон бошад, дар ҷои 73-юм қарор дорад. Ин ду давлатро хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад ва мунтазам онҳо аз ин гуна офатҳо зарар мебинанд.

Мақсади асосии бахши “кам кардани хатари офатҳои табиӣ”-и лоиҳаи TARPI рушди имконияти ҷамоаҳои Афғонистон буд, ки бештар гирифтори офатҳои табиӣ ба монанди обхезиҳо, селҳо, заминларзаҳо, фаромадани ярч ва ғайра мегарданд.

“Миссияи Шарқ” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо “Mission East” дар Афғонистон дар доираи лоиҳа дар вилояти Тахори Афғонистон силсилаи чорабиниҳоро доир карданд, то ки бо донишу таҷрибаи ҳамдигар оид ба кам кардани хатари офатҳои табиӣ (КХО) шинос шаванд. Ҷиҳати татбиқи Лоиҳа ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки хатари офатҳои табиӣ ба онҳо бештар аст ва сохторҳои ҳукуматие, ки ба огоҳкунӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда сару кор доранд, интихоб карда шуданд. Имконоти маҳдуди захираҳои техникӣ, кормандон ва надоштани дониши мукаммал оид ба КХО гувоҳи он аст, ки ҳукумати маҳал имкон надорад мониторинг ва идораи ин равандро таҳти назорати худ бигирад. Дар робита ба ин, ба таҳияи сохтори идоракунии хавфи офатҳо дар ҷамоаҳои поёноб ва афзудани иқтидори ҷамоаҳои маҳаллӣ эътибори махсус дода шуд.

Тавре директори минтақавии “Миссияи Шарқ” дар Тоҷикистон Барбара Ҷеймс гуфт, дастоварди асосии лоиҳа он аст, ки гурӯҳҳои мақсаднок дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Афғонистон баҳодиҳии муқоисавии хатарҳо ва ҷамоаҳоеро гузаронданд, ки бештар гирифтори офатҳои табиӣ мегарданд. Инчунин баҳодиҳӣ дар ҷамоаҳое гузаронида шуд, ки оид ба хавфи офатҳои табиӣ бархӯрдоранд ва бо ташаббуси худ оид ба идораи офатҳои табиӣ ширкат меварзанд.

Тобистони соли гузашта “Миссияи Шарқ” оид ба баҳодиҳии хатар дар 65 деҳаи вилояти Тахор аз рӯи усули ташкилотҳои байналхалқии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати самаранок баҳо додан ба хатарҳо таҳия шудааст, тадқиқот гузаронд. Кормандони “Миссияи Шарқ” ин шакли тадқиқотро барои Афғонистон беҳтарин меҳисобанд, чунки пояи онро таҷрибаи тоҷикон ташкил медиҳад, ки дар он монандии маҳал ва иқтидорҳои хатари офатҳои табиӣ бар асос гирифта шудааст.

Забон ва ягонагии фарҳанг имкон дод, ки он ба осонӣ ба шароити маҳалии Афғонистон мутобиқ гардад. Аз 65 деҳа 19 деҳа интихоб карда шуд, ки дар онҳо хатар бештар буд, чунки аҳолӣ оид ба амалҳои худ дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда тасаввурот надошт. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки кор дар ин ҷода аз сифр оғоз шуда буд ва пас аз анҷоми лоиҳа муайян шуд, ки он натиҷаҳои хуб додааст: баҳодиҳии амиқи хатарҳои ҷойдошта гузаронида шуда, барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дар ҳамаи 20 деҳаи фарогир харитаи ҷойҳои осебпазир ва нақшаҳои амалҳои якҷоя барои аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ тартиб дода шудаанд, бо сокинони ҷамоаҳо оид ба амалҳояшон то сар задани офат, ҳангоми он ва баъди бартараф карданаш омӯзиш гузаронида шуда, инчунин онҳо дар бораи роҳбарии якҷояи ҷамоа аз болои хатари офатҳои табиӣ маълумоти амиқ гирифтанд. Ғайри ин, занони деҳот дар рафти тренинги 2-рӯза расонидани ёрии аввалинро ҳангоми офатҳои табиӣ аз худ карданд.

Аз сабаби он ки чунин хатарҳо дар ҳар ду тарафи сарҳад якхелаанд, яъне маҳал ва шароит якранг аст, лоиҳаи TAPRI ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти кам кардани хатари офатҳои табиӣ такя кард. Дар доираи лоиҳа дар Афғонистон ташкил кардани сохтори ҷамоавии идораи хатари офатҳои табиӣ муяссар гардид ва инчунин механизмҳои мавҷуда дар Тоҷикистон пурқувват карда шуданд.

Инчунин робитаи ҳамкорӣ байни мақомоти ноҳиявии ҳокимият ва сохторҳои ҷамоавии идораи хатарҳои офати табиӣ созмон дода шуд. Масалан, дар яке аз омӯзишҳо, мутахассисони тоҷик роҳбарон ва намояндагони парлумони афғонро бо нақшаи паст кардани офатҳои табиӣ дар деҳаҳои Янгиқалъа ва Чахоби вилояти Тахор шинос карданд. Дар натиҷа, лоиҳаҳои хурд оид ба паст кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба монанди беҳтар намудани дренажҳо, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва садҳои селногузар, ки аз тарафи худи ҷамоаҳо барои қонеъ гардонидани талаботи маҳал кор карда шуда, дастгирӣ ёфтанд.

Сафарҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ба мутахассисони афғон имконияти васеъ барои омӯзиш, назорат ва табодули маълумот фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон бархӯрдор шудаанд.

Масалан, 5 гурӯҳ (ҳар кадомаш 5-9 нафарӣ), ки ба ҳайаташ аъзои ҷамоаҳо оид ба паст кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии афғон шомил буданд, дар Тоҷикистон дар семинарҳо иштирок намуда, тартиб додани нақшаи кӯчиши аҳолиро аз ҷои хатар ёд гирифтанд. 12 ҷамоа бо навиштаҷоти роҳҳои бехатар ва аломатҳои махсус барои огоҳонии аҳолӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар доираи лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб 3 мизи мудаввар оид ба табодули таҷриба, дастовардҳо ва масоили ҷойдошта бо иштироки ҷамоаҳои тоҷик ва афғон гузаронида шуданд.

Ҳоло кор аз болои устувории лоиҳа рафта истодааст: гурӯҳҳо оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар ҷамоаҳо мунтазам ҷамъомадҳо барпо намуда, бо аҳолӣ дар масъалаи тайёр будан ба офатҳо машғулиятҳо, тадқиқот мегузаронанд, дар бораи таҷрибаи худ оид ба кам кардани хатари офатҳои табиӣ филм ба навор гирифтаанд ва ғайра. Ҷанбаи иқтисодии омодагӣ - хароҷот\фоида низ ба инобат гирифта мешавад.

- Ба туфайли гузаронидани силсилаи чорабиниҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, намояндагони ҷамоаҳои афғон, ки дар онҳо иштирок намуданд, дар мавриди чӣ гуна ҷамоаҳо метавонанд хатари офатро идора кунанд, таассурот ва дониш ҳосил карданд, -мегӯяд Барбара Ҷеймс, - То лоиҳаи TAPRI дар ягон ҷамоа ин ҷанбаҳои фаъолият ба ҳисоб гирифта намешуд, имрӯз бошад, кор ранги дигар гирифт.

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД