Муҳити ҷуғрофӣ ва гидрометеорологӣ Тоҷикистону Афғонистонро яке аз минтақаҳои хавфноки кураи замин гардондааст. Бо тағйирёбии иқлим ва муҳити зист дар миқёси умум ва таҳаввулоти сиёсӣ дар минтақа ин гуна хавф дучанд мегардад.

Минтақаи мазкур дар Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҷудомонда буда, бо шароити вазнини иқлимӣ (масалан, тағйирёбии ҳарорат байни +50C дар ҳамворӣ ва -60C дар минтақаҳои кӯҳӣ), релефи пасту баланд тавсиф меёбад ва аз офатҳои гуногуни табиӣ, ба монанди заминларза, ярч, сел, обхезӣ ва хушксолӣ, эрозияи замин осебпазир мебошад.

Дар ҳоле ки хусусиятҳои хавфҳои табиии кишварҳои дигар аз сабаби монандии ландшафт ва шароитҳои иқлимӣ каму беш бо ҳам шабоҳат доранд, иқтидори кишварҳо барои мубориза бо чунин хавфҳо хеле фарқ мекунад. Диққати дастгирии ҷомеаи байналмиллалӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор гуногун буда, аз ин рӯ кишварҳо аз ҷиҳати иқтидори миллӣ, институтсионалӣ ва ҷомеавӣ бо мақсади идоракунӣ ва кам кардани хавфи сар задани офатҳои табиӣ дар сатҳи гуногун гузошта шуданд. Илова бар таъсири харобкунандаи офатҳои табиӣ ба ҳаёту воситаҳои зиндагии аҳолӣ, онҳо садди роҳи рушд ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои аҳолӣ шуда, ба ашхоси осебпазир таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар доираи равиши фарогири талошҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, БРСММ дар Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани хатари сар задани офатҳои табиӣ тавассути лоиҳаи «Ташаббуси Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» (TAPRI) як қатор чорабиниҳоро гузаронид.

Тавассути Барномаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, БРСММ лоиҳаи гуногунҷабҳаро бо мақсади муайянсозии хатарҳои мавҷудаи табиӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ бо амалӣ намудани чорабиниҳои ба паст кардани хавфҳо дар сатҳи ҷомеавӣ равонашуда, омодагӣ ба паст кардани таъсири ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми сар задани онҳо ва ба ҳам овардани ҳарду кишвар барои муколамаи сиёсӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар самти кам кардани офатҳои табиӣ оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2012 БРСММ таҳқиқоти хусусиятҳои хатаротро ба анҷом расонида, натиҷаҳои онро ба масъулони идоракунии ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод намуд. Дар таҳқиқоти мазкур хавфҳои табиии дар минтақаҳои наздимарзӣ мавҷудбуда шарҳ ва харитаҳои минтақаҳои хавфнок тартиб дода шудаанд. Инчунин, дар он хазинаи (базаи) маълумот оид ба натиҷаҳо оварда шудааст.

Масалан, бо мақсади ҳифзи аҳолии се деҳаи ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шӯроободи Тоҷикистон аз таъсири манфии обхезиҳои эҳтимолӣ, қад-қади дарёи Панҷ иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сохта шуданд. Қайд намудан ҷоиз аст, дар баробари иҷрои корҳо дар иншоотҳо, маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва омӯзиш ҷиҳати беҳтар дарк намудани хавфҳои мавҷудбуда гузаронида шуданд. Дар чорабиниҳо роҳҳои амалиёт пеш аз офат, ҳангоми сар задани офат ва баъди он фаҳмонида шуданд.

Дар доираи дастгирии мақомоти минтақавии ҳокимияти давлатии Афғонистон барои омодагии беҳтар ва самарабахш ба офатҳои табиӣ, БРСММ захираи маводи ғайриозуқаро барои ҳолатҳои фавқулодда харидорӣ намуда, ба мақомоти миллии идоракунии офатҳои табиии Афғонистон супорид. Ашёи таъминшуда, аз ҷумла хаймаҳо, лавозимоти ошхона, кӯрпаю болишт, маводи тозагӣ барои 200 оила ба вилоятҳои Тахор ва Қундузи Афғонистон расонида шуданд.

Ҷиҳати дастгирии гуфтугӯҳои сиёсӣ оид ба ҳамкории марзӣ байни ду кишвар, БРСММ дар гузаронидани ду сафари омӯзишӣ барои 10 намояндаи мақомоти миллии Афғонистон оид ба идоракунии офатҳои табиӣ аз вилоятҳои Тахор ва Қундуз ба Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масъалаҳои манфиати муштаракдошта бо ҳамкорони худ дар Тоҷикистон – намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар доираи сафарҳои омӯзишӣ, масъулони идоракунии офатҳои табиӣ аз Афғонистон дар Конфронси байналмиллалӣ оид ба кӯли Сарез ширкат варзида, аз Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дидан карданд. Онҳо инчунин, ба ноҳияҳо сафар намуда, бо лоиҳаҳои кам кардани хавфи сар задани офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷомеаҳо, ки дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, шиносоӣ пайдо намуданд. Таҷриба ва дониши дар сафари омӯзишӣ андӯхта сатҳи огоҳии онҳоро баланд бардошта, иқтидори маҳаллиро дар идоракунӣ ва кам намудани хавфи офатҳои табиӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон тақвият медиҳад.

Дар натиҷаи сафарҳои корӣ, Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо шарҳи самтҳои асосии ҳамкории оянда байни тарафҳо ба имзо расид. Дар ҳуҷҷати мазкур самтҳои мушаххаси ҳамкории ҳарду кишвар дар идоракунии хавфҳои табиӣ, паст кардани онҳо ва огоҳкунии бармаҳал қайд шудаанд.

Тарафҳо тасмим гирифтанд дар самтҳои зерин ҳамкорӣ намоянд:

  • Бунёди системаи муштараки огоҳкунии бармаҳал дар дарёи Панҷ ва Амударё;
  • Дастгирӣ намудани марказҳои идоракунии вазъи бӯҳронӣ дар минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишвар;
  • Дастгирӣ дар баланд бардоштани иқтидори масъулони идоракунии офатҳои табиӣ дар Афғонистон аз ҷониби коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон;
  • Барпо намудани робитаҳо ҷиҳати мубодилаи маълумот байни тарафҳо.

Дар Тафоҳумнома вохӯриҳои доимӣ ва ташрифҳо аз ҷониби ҳар ду тараф барои оғози чорабиниҳое, ки дар боло дар самтҳои ҳамкорӣ зикр гаштаанд, шарҳ дода шудааст.

Рӯ ба рӯ шудани ҳар ду кишвар бо таҳдидҳои гуногун ва офатҳо, бӯҳрони вазнин ва сар задани офатҳои харобиовар эҳтимолияти зиёд дорад. Тавассути Барномаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ (ИХОТ), БРСММ чорабиниҳои худро ҷиҳати кам кардани хавфи офатҳои мазкур, аз ҷумла, вусъатдиҳии иқтидори мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар огоҳ намудани аҳолӣ оид ба таҳдидҳои эҳтимолӣ, ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои чорабиниҳои дахлдори барқарорсозӣ, афзалиятҳоро муайян намуд. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада, дар такмилдиҳии стратегияи ИХОТ-и БРСММ мусоидат намуда, камбудиҳое, ки дар лоиҳаҳои минбаъда бояд бартараф шаванд, муайян мекунад. Ҷалби БРСММ дар татбиқ намудани Стратегияи идоракунии хавфи офатҳои табиии кишвар назаррас буда, чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур амалӣ мегарданд барои ноил шудан ба натиҷаҳое, ки дар стратегияи миллии ИХОТ инъикос ёфтаанд, кӯмак мерасонанд.

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД